Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Осмон пур аз ситора буд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Шаҳр пур аз одам буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Даруни мактаб пур аз ҷангу хоку хас шуд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Чойхонаи Сурх, ки бо лампаҳои чилум равшан карда шуда буд, аз одам пур буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Анбори колхоз пур аз мол мешавад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Баъд аз он қишлоқ-ро ки аз одам ва мол холӣ монда буд, оташ заданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҷанговарони далери советӣ то нисфи рӯз, тамоми хонаҳои қишлоқро аз душман тоза карданд (Р. Ҷалил, Умри дубора). Ҳамин тавр шуда, аз Дарвоз то Помир аз босмачиён пок шуд (С. Айнӣ, Дохунда).

ж) Асоси амалро мефаҳмонанд: Аз шаклу шамоилашон маълум мешавад, ки баъзеашон лақай, баъзе тоҷик ва баъзе аффонанд (С. Айнӣ, Дохунда). Аз гуфтаҳои сарбоз маълум шуд, ки ин ҳамон Тӯрамурод будааст (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Аз қиёфа ва ҳаракатҳои ӯ бухорӣ будани уро муайян карда бошаам ҳам, кӣ будани ӯро шинохта натавонистам (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Аз чашмонат маълум аст, ки ягон андешаи пурзуре дар дил дорӣ (С. Айнӣ, Дохунда).

II. ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТАЕ, КИ БО ПЕШОЯНДҲОИ «БА», «БАР» ВА «БАРОИ» МЕОЯД, ТОБИШҲОИ МАЪНОИИ ЗЕРИН ДОРАД:

а) Ба сӯи касе ё чизе нигаронида шудани амалро мефаҳмонад: Ҳозир сабр кун, ба падару модар ва ба дигарон худро чунон нишон деҳ, ки ту ба ин тӯй гӯё розӣ ва хурсанд мебошӣ (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ба ӯ мехонд дарси навҷавонӣ,
Саросар достони қаҳрамонӣ.

(М. Турсунзода)

Хизматгори бой Ашӯр, ки... барои Холбӯта кабоби танӯрӣ тайёр мекард, давида берун баромада, ба бой арз кард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Қонуни ту бар мо ҳамаи илму ҳунар дод,
Озодиву ободиву иқболу самар дод.

(Б. Раҳимзода)

Акнун забони одами мусулмон ба гап ва лабаш ба ханда чӣ гуна меравад, — гуфт Абдураҳимбой (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҷавонон ба аҳволи ин шахс хандиданд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ҳайдарча ба ҳикояти худ давом намуд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).

Ин пуркунандаҳо бо воситаи пешояндҳои дар, баҳри, аз баҳри ва нисбат ба низ ифода меёбанд: Аммо арбобу оқсақолҳо

пешина
аз 312
навбатӣ