Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дар миёна даромада, ба шарти даҳ соли дигар дар бой хизмат кардан ҳамон духтарро ба ман никоҳ карда доданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҳозир дар дилам нисбат ба он зан заррае андешаи дигар надорам (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар он ҷо на деҳ буд, на девор буд — на аз баҳри ҳайвон алафзор буд (С. Айнӣ).

Аз барои ранҷбарҳо меҳнати бисёр кард,
Ёрии худро ба онҳо дар амал изҳор кард.

(М. Раҳимӣ)

б) Ба фоидаи касе ё чизе равона шудани амал: Ба меҳнаткашоне, ки дар рӯдкавӣ кор карданро мехоҳанд, рӯзона панҷ сум пул ва ба қадри кифоякунанда нон ва таоми гарм дода мешавад (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҳар камӣ ва камбудӣ, ки дошта бошӣ, мо ба ёрӣ додан ҳозирем (С. Айнӣ, Дохунда). Комиссияи ёрӣ ба деҳқонони камбағали қишлоқ дар байни ду-се рӯз гандум мефиристонад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ба Ҳайрат аз падару модар як ҳавличаи беберуни якхонанок ва як ҳуҷра аз мадрасаи Сӯзангарон мерос монд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Бароят дастагул овардам имрӯз,
Ба ин бечора зебоӣ биёмӯз.

(А. Лоҳутӣ)

в) Машғулиятро мефаҳмонад: Писари калонии аммаам ба қошуқтарошӣ ва писари дуюмаш ба қулфсозӣ машғулӣ мекарданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ӯ ин дафъа як шеъри Машрабро аз пасту болояш гирифта ба хондан шурӯъ намуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Шукур дар корҳои деҳқонӣ ва нигоҳубини чорпоҳои бой машғул шуда, духтараш дар ҳавлии даруни бой дастёрӣ мекардааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Азбаски Аҳмад Махдум дар ситорашиносӣ ном бароварда буд, баъзе касон дар хусуси масъалаҳои мазкур ба вай муроҷиат мекарданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Пирамард ҳамаро ба нонхӯрӣ таклиф кард (С. Айнӣ, Ғуломон). Худи ӯ ҳоло ба хатнависӣ машғул буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Саидов мақоларо як бор рез хонда баромаду гӯё нағз нафаҳмид, ки бори дуюм ба хондани он шурӯъ намуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Фазилатҳола ҷорӯбро надод ва ба кори худ машғул шудан гирифт (Ф. Ниёзӣ, Ҳикояҳо). Зебихола ба хомӯшӣ халал дода, боз ба гап сар кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

г) Монанд будан ва монанд набуданро мефаҳмонад: Дар ин вақт ин ду дӯст ба ду барзагови ҳамьюг ва ҳамкор монандӣ пайдо карданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Манзараи вай ба манзараи дилфиребе, ки Шарифҷон дар хоб дида буд, мутлақо монандӣ надошт (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ин мӯйлаби

пешина
аз 312
навбатӣ