Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
навдамида буд, ки ҷавон онро ба ҳеҷ чиз монанд карда наметавонист (С. Айнӣ, Дохунда). Қиштзорҳои атрофи Чилвон ҳам ба биёбон монандӣ дошт (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар ҳақиқат ҳам ин мардикорон ба рамаи гӯсфандон монандӣ доштанд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Вақте ки дар роҳ ба ман сагон ҳуҷум карданд, ман онҳоро ба одамони амир монанд карда будам (С. Айнӣ, Ғуломон).
III. ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТАЕ, КИ БО ПЕШОЯНДҲОИ
«БО» ВА «БО ҲАМРОҲИИ»
ИФОДА ЁФТААСТ, ЧУНИН ТОБИШҲОИ МАЪНОӢ ДОРАД:
а) Ҳамроҳӣ, шарокатро мефаҳмонад: Чораи охирине, ки Гулнор дар ин кор меандешид, бо Ёдгор ба як тараф гурехта рафтан буд (С. Айнӣ, Дохунда). Як шаб амир бо мулозимонаш ногаҳон ба хонаи Мушфикӣ даромада омад (Латифаҳои тоҷикӣ). Акнун масъала ранги дигар гирифт, бояд ман Арбобкамолро ҳам ҳамроҳии Одина ба қозихона барам (С. Айнӣ, Одина). Умрихола, Юнусбобо бо Сафар самимона хушбошӣ карданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Агар ман ба касе хат нависам, бояд ҳамроҳи хат худам рафта хонда диҳам, зеро каси дигар хати маро хонда наметавонад (Латифаҳои тоҷикӣ). Гулрӯ бо ҳамроҳии Ҳанифа ба маҷлиси раисони комитетҳои гузар омада дид, ки Сабур дар он ҷо серкор шуда гаштааст (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Бале, ман барин ҷавонон зебокатӣ ана дар ҳамин хел ҳавоҳо сайр накунанд, дигар дар ҳавои кушод намешавад, мӯйсафед мегӯянд, албатта (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар ин чанд моҳи охир хеле сарбозон бо яроқи худ гурехта ба Тошканд ва Самарқанд рафтанд ва большевик шуданд (С. Айнӣ, Дохунда). Аввал як миқдор ордро дар дег бо равған бирён карда гирифт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
б) Воситаи иҷрои амалро мефаҳмонад: Абуалӣ боз бо танбӯр нағмаи шӯҳеро менавозад (С. Улуғзода, Ибни Сино). Пӯлод дар пеши вай дузону нишаста, бо бодбезак ӯрӯ бод мекард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Сафар бо дасти чапаш аз пояки пулемёт маҳкам дошта, боз кулангро зер кард (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Садҳо нафар пиру ҷавонон бо каланд, белу занбар ба кор баромада, тозакунии умумӣ гузарониданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дастони ин одамҳо ба пушт бо ресмонҳо бастагӣ буда, гарданҳошон бо занҷир ба мех бастагӣ буданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Мария бо дастони оҳанин моторро чарх дод (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Мухтасар бо қалам баён созам
Қиссае аз ҳаёти тоҷикон.
(М. Турсунзода)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё