Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бо теғ занӣ ту фарқи душман
Бо досу каланд мезанам ман.
(А. Деҳотӣ)

в) Воситаи амалу ҳолатро мефаҳмонад: Гулхан бо шоҳаҳои зардолу, себ, тут ва дигар дарахтони мевадор фурӯзон буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Вай на фақат зоҳири одамонро бо либосҳои абреминаш оро медиҳад, балки бо мазмуни социалистии худаш ботини онҳоро зинат хоҳад дод (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

IV. ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТАЕ, КИ БО ПЕШОЯНДИ
«БЕ» МЕОЯД,
ДОРОИ ЧУНИН ТОБИШҲОИ МАЪНОӢ МЕБОШАД:

а) Дари ҷрои амалиштирокнадоштаникисеёчизеро мефаҳмонад: Аммо баъд аз интизории бисёр боз Акбархоҷа наёмадааст ва зиёфат бе ӯ гузаштааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Сахтиҳое, ки мо дар ин ҷо бе шумо кашидем, ба машаққатҳои шумоён дар ҷанг гузаронидагӣ нӯги остин намешаванд,— гуфт Ҳалима (Р. Ҷалил, Умри дубора). Агар ман бо дасти босмачиён кушта шавам, мардум бе маҳмаддоно мемонанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Бе ту мо тӯй кардем (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

б) Предметеро нишон медиҳад, ки бароииҷроиамалмоҷудиятваиштирокионшартизарурӣаст: Вай дар он хонавода бе ман зиндагӣ кардан намехост (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Бе ту кай медод бахти ҷовидон моро салом?
Бе ту меомад магар субҳи сафо аз пушти шом?

(М. Турсунзода)

Революция бе қурбонӣ ба даст наомад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Девонабачагоне, ки ба як устохона рафта кор кунанд, бе бунак кор намекунанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аммо қарзҳоҳ бе васиқаи қозихонагӣ ин корро қабул накардааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Бе далел ва шоҳид як одамро дузд гуфтан бояд он қадар хуб набошад (С. Айнӣ, Ғуломон).

в) Д а р и ҷ р о и а м а л и с т и с н о к а р д а н и п р е д м е тҳ о в а ш а х с ҳ о р о м е ф а ҳ м о н а д: Бе шумо ҳам ҳамин хокро мекашонем, ҳамин ниҳолҳоро мешинонем (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Мо онҳоро бисёр риоя мекунем, бе кафил, бе гарав, бе хати қозӣ пул додан мегирем (С. Айнӣ, Дохунда). Агар бадгумон шуда бошӣ, боз монандӣ соли гузашта ҳозирам, ки бе хат шиками туро сер кунам (С. Айнӣ, Дохунда).

пешина
аз 312
навбатӣ