Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ИФОДАИ ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТА
БО ЁРИИ ПЕШОЯНДҲОИ ТАРКИБИИ НОМӢ

Пуркунандаи бавосита ғайр аз пешояндҳои аслӣ бо ёрии пешояндҳои таркибии номӣ ҳам ифода меёбад.

I. Пуркунандаи бавоситае, ки бо пешояндҳои ғайр аз, ба ғайр аз, ғайри, ба ғайри, ҷуз, ба ҷуз меоянд, аз муҳокимаи умумӣ истисно карда шуда на, танҳои ва ягонгии шахсе ё предметеро ифода менамоянд: Ҳоло ҳам бой чизе намегуфт ва дар ҳавлии дарунаш ғайр аз худаш касе дигаре ҳам набуд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар ин боғ ғайр аз як айвони дароз иморати дигаре набуд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Тамоми умри худ, эй хоҷа, ҷуз роҳат надидастӣ, Ту қадри заҳмати муздуру деҳқонро чӣ медонӣ?

(А. Лоҳутӣ)

Агар хабари ҷумла ба шакли мусбат ояд, ин пуркунандаҳо инчунин шахсҳо ва предметҳоеро мефаҳмонанд, ки онҳо бар ифодаи субъекти ҷумла меоянд: Дар ин ҷо ғайр аз ман боз се нафар хизматгори мардина буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ғайр аз меҳмонони ба мо маълум ду каси дигар дар он зиёфат иштирок доштанд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ту ғайр аз Ҳайдарча боз номи якчанд нафар гумонбурдашудагонро ба рӯйхат деҳ (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Дар ин ҷо ғайр аз пои мору шири мурғу ҷони одам ҳама чиз ёфт мешавад (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).

II. Пуркунандаи бавоситае, ки бо пешояндҳои дар пеши, ба пеши, дар назди меоянд: Дар пеши ман масъалаи дар тобистон тағин кардани маишати худам ва додарам истода буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Барои ба ин ҷо баромада фаромадан дастгоҳе сохтан магар дар назди техникаи ҳозираи мо душвор аст (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ин талаби ман ба пеши падар ошкоро шуда буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Масъалаи колхозонидани ин қишлоқ дар назди ташкилотҳои партия ва советии район дар дафъаи аввал истода буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар пеши Одина ду мушкил омада буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).

III. Пуркунандаи бавоситае, ки бо пешояндҳои миёнаи, дар миёни (дар миёнаи) меоянд, муносибати байни шахсу предметҳо инчунин муқоисаро мефаҳмонад: Дар деҳот ҳар вақт дар миёни падарам ва имомҳо ҷанҷол мехест (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ба сабаби ин алоқа ва муносибатҳо рафтуомад дар миёни аҳли ин ду хонавода бисёр буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Дар миёни онҳо ҳеҷ сир ва асрори пинҳон нест, ки ман ӯро ба ту гӯям (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Дар миёнаи шумоён ва бой ҳеҷ фарқ нест (С. Айнӣ, Ғуломон).

пешина
аз 312
навбатӣ