Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Нигоҳи ту ё ин ки донистанист,
Миёни ману ту — ду кас фарқ чист?
(М. Турсунзода)

IV. Пуркунандаи бавоситае, ки бо пешояндҳои дар қатори, ба қатори, дар байни, аз байни меояд, предмету шахсҳоеро ифода мекунад, ки дар иҷрои амалу ҳолат бо субъект дар як шароиту вазъият мебошанд, инчунин аз гурӯҳе ҷудо шудани якеро мефаҳмонад: Дар қатори онҳо чанд гоҳ дар он ҷо Бибидаҳбошӣ ном як занаки девона пайдо шуд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Як вақт дар қатори меҳмонон ин одам ҳам ба хона даромад (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Агар ту ва ту барин танбалҳои дигар ҳам дар қатори мо ба кор мебарамотон, кайҳо чинакро тамом мекардем (С. Айнӣ, Ғуломон). Баъзан дар байни ҳарифон ҷанҷолу занозанӣ барпо шуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар деҳа дар байни ҷавонони калонсол гаштак мерафт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар байни занон гап ба болои қозиҳо рафт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аз байни бачаҳо як фақат Шодӣ бо вай баробар шуда метавонисту халос (Ч. Икромӣ, Шодӣ).

V. Пуркунандаи бавоситае, ки бо пешоянди аз тарафи меояд, предметеро мефаҳмонад, ки вай ба вуҷудоварандаи амали ҷумла аст: Аммо дар вақтҳои охир дар тумани пешкуҳ дар вақти кушта истоданаш як одамро Муллобозор ба даст афтода, аз тарафи мардум шаҳид карда шуд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Як ҳифсосест, ки аз тарафи бачагон баромад! (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ба онҳо ҳам, чунон ки аз тарафи асп ба ин сагҳо дода шуд, зарбаи сахте додан даркор аст (С. Айнӣ, Ғуломон).

VI. Пуркунандаи бавоситае, ки бо пешояндҳои аз ҷониби, аз номи сохта мешавад, сарчашма ва аз тарафи кӣ сар задани амали предметро нишон медиҳад: Ӯ аз ҷониби кӯҳистониён ва шаҳрисабзиён ба муқобили лашкари амир ҷангида, ҳеле қаҳрамониҳо нишон дода будааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ман аз номи шариконам ва аз номи худам ваъда медиҳам, ки имсол ҳам ғайрат мекунем, албатта, ҳосили мӯл ба даст медарорем (Ч. Икромӣ, Муҳаббат). Аввалан, бародарон, рухсат диҳед, ки аз номи аҳли маҳалла ба рафиқ Пӯлодов барои лексияи нағзашон раҳмат гӯям (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

VII. Пуркунандаи бавоситае, ки бо пешояндҳои ба ҷои, дар ҷои сохта мешавад, иваз шудани предметҳои объектшударо нишон медиҳад: Хӯб, майлаш, минбаъд ба ҷои чӯби тут чӯби анор тайёр мекунем (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ғарази ман аз зиёфати шумоён ин буд, ки мактабдорро бекор кунонам ва ба ҷои ӯ як мактабдори хубтар ёбем (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ӯ ба ҷои кор кунҷи садалиин гармро иҷора гирифта менишастааст (Хорпуштак). Агар дар ҷои ту каси дигар мебуд, ин пуро азони худ мекард (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

пешина
аз 312
навбатӣ