Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

VIII. Пуркунандаи бавоситае, ки бо пешояндҳои зидди, бар зидди, ба зидди, бар хилофи, ба муқобили ифода меёбад, мефаҳмонад, ки амалиёти як предмет бар зидди предмети дигар равона шудааст: Аз он ҷанги хонумонсӯзи дирӯза, ки дар он мо бар зидди душман якка ба якка ҷангидем, ...панҷ сол гузашт (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Агар душман кунун паймоншикан шуд,
Бубояд зидди ӯ дандоншикан шуд.
(М. Турсунзода)

Бибидаҳбошӣ ҳам ба муқобили ин гуна ҳуҷуми бачагона ором наменишаст (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ҳама барои торумор кардани душмани халқ, бар муқобили офату бало камар баста буданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

IX. Пуркунандаи бавосита бо пешояндҳои номии дар бадали, ба бадали низ ифода меёбад: Хӯҷаин дар бадали ин хизмат ба ӯ ҳар моҳ 20 танга музди хизмат медод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ӯ ба бадали ин кор ҳеҷ хизмате накарда бемор шуда рафт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Мактабдор ба бадали пуле, ки барои бӯрёи мактаб гирифт, дар ҳаққи ман дуо ҳам кард (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ба бадали ин молҳои ман, ки барои инҳо қариб думоҳа меҳнатам сарф шудааст, ҳеҷ набошад, пули қути лоямути дурӯзаро медодед, майлаш буд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Пешояндҳои номӣ ҳам ба монандӣ пешояндҳои аслӣ бо исмҳо, ҷонишинҳои шахсӣ ва ҳиссаҳои дигари исмгардидаи нутқ пуркунандаи бавоситаро ташкил медиҳанд.

БО БАНДАКҶОНИШИНҲОИ СОҲИБӢ
ИФОДА ЁФТАНИ ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТА

Пуркунандаи бавосита ғайр аз ҳиссаҳои мустақили нутқ ва пешояндҳо бо бандакҷонишинҳои соҳибӣ низ ифода меёбад. Ин ҳодиса асосан дар назм дида мешавад.

а) Бандакҷонишинҳои соҳибӣ барои ифодаи пуркунандаи бавосита бештар бо феълҳо-хабари ҷумла ва инчунин бо ҳиссаҳои дигари нутқ ҳам омада метавонанд ва предметеро ифода менамоянд, ки амали ҷумла ба сӯи он, ба фоидаи он равона шудааст:

Гуфтамаш, эй ҷони ширин, ғам махӯр!
Садқаи сар гӯю биншин, ғам махӯр!
(М. Турсунзода)

Ё касе гуфтат, ки дар Ҳиндустон
Ризқи инсон аст чун оби равон.
(М. Турсунзода)

пешина
аз 312
навбатӣ