Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ДУСАД– СЕСАД СОЛ
Боре аз карнаи радио суруди овозхони хушсадо Сурайё Қосимова танин андохту Саттор Турсун гуфт:
– Аз ростӣ, вақтҳои охир як навъ хаставу бемадорам.
Баъзан аз зиндагӣ дилсард мешавам ва мисли Шоҳини ормонӣ ба ҷое рафтан мехоҳам, ки «…гардун болои сар набошад». Вале вақте сурудҳои ин овозхонро мешунавам, аз чӣ бошад, хотирам меболад ва мефорад камаш ду– сесад сол зиндагӣ кунам…
ҚАЛАМИ ХУБ
Саттор Турсун аз Қирғизистон ба ман қаламе овард, ки намуди ғайриоддӣ дошт ва борику нарм менавишт.
Бояд гуфт, ки ҳамин рўз дар дасти ман буд он. Вале баъд ба яғмо рафт. Саҳеҳтараш, Иноят Насриддин ба далели «Қалами хуб бояд аз они одами хуб бошад!» онро гирифту дигар барнагардонд.
Ростӣ, намехостам қалами хуб аз даст равад:
– Гапатон дуруст. Лекин ин қалам инъомист ва чизи инъомшударо инъом намекунанд.
Иноят аз содагии ман ба шавқ омада, аз таҳти дил хандид.
– Сафсата!– гуфт баъд. – Ин гапи кадом як ҳардамхаёл…
Вале сонитар маълум шуд, ки ў ҳақ нест… Бо коре ба идораи маҷаллави «Садои Шарқ» рафтам. Саттор Турсун, ки он вақт дар шўъбаи насри маҷалла ифои вазифа дошт, маро ба ҳуҷраи кори худ хонда, қалами шиносро ба дастам дод ва хоҳиш намуд ҳаргиз аз хотир набарорам: қимати туҳфаи дўст, гаронтар аз худи ўст…
Боре Иноят Насриддин қалами дасти маро шинохта пурсид:
– Саттор дод?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё