Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДАР НАЗАРИ ХУДАМ

Боре Саттор Турсун ба як ҳамдиёри худ гуфт:
– Мардуми тарафҳои мо ким– чӣ хел. Ягонтааш ба одам намефорад. Бовар мекунӣ, баъзан худам дар назари худам бало метобам…

БА АККА ҶАБР

Адиби шинохта Н. одатан бармаҳал ба варзиши бадан машғул шуда, бо ин кори худ ба хоби саҳарии ҳамсояҳо халал мерасонд. Боре ў бо ифтихор иброз медорад, ки… ҳанўз акка нарида, бедор мешавад.
– Ин коратон хуб не, ака, – мегўяд ҳамсояи ў Саидалӣ Маъмур. – Ба аккаи бечора ҷабр– дия. Намешавад, ки вай баҳузур кораша кунаду баъд шумо аз хоб хезед?!.

ФИКРИ МАРО НАПУРС

Нависанда Н. дастнависи китоби нави худро ба Аскар Ҳаким медиҳад, ки онро хонда, қазоват намояд.
Баъд аз чанд рўз Аскар ҷузвдони дастнависро ба вай баргардонда, мегўяд:
– Агар хоҳед, ки муносибати мо вайрон нашавад, фикри маро дар бораи китобатон напурсед…

ДУР МОНДЕМ

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба адибоне, ки маскуни пойтахт ҳастанд, як қатор имтиёз муқарар намуд. Яъне онҳо минбаъд аз пардохти пули хона, барқу газ, телефон ва истифода аз нақлиёти шаҳрӣ озод буданд.
– Афсўс, – гуфт шоир Н., ки ба чанд зан алимент медод. – Боз мо, бечораҳо аз назар дур мондем– дия…

пешина
аз 231
навбатӣ