Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Санадҳои тарҷумаи ҳолро мебиёрам, – бо табассум паси сар мехорад адиб. – Лекин, илтимос, бе сурат чоп кунед.
– Барои чӣ?
– Суратам, балотона гирам, чандон диданӣ нест.
Намехоҳам китоби босифататон бесифат шавад…
ОДАМГАРӢ
Аз ноодамгариҳои баъзе одамон сухан мерафт. Шоир Нозирҷон Боҳирӣ нохост гуфт, ки ба рағми ин ҳама ноодамгариҳо як одамгарӣ карданист.
Изҳороти хилофичашмдошти ў моро як қад паронд.
Раҷаб Мардон нобоварона пурсид:
– Ошхона мебарӣ? Ба ҳамаамон палав мехарӣ?!.
– Ҳа, – хандид акаи Нозирҷон. – Саволҳои беҷо надеҳу пеш даро.
Раҷаб Мардон, будагӣ гап, дигар чизе нагуфта саросема аз ҷой бархост.
Хуллас, дере нагузашта, мо, чанд тан ҳаводори одамгарӣ, сояҳои дарозу кўтоҳи акаи Нозирҷон будем, яъне аз паси ў аз ин ошхона баромада, ба он ошхона медаромадем. Зеро… Fолибан одамгарӣ аз мо сахт «ранҷида» буд ва намехост ўро бубинем. Яъне ба кадом ошхона надароем, палаваш ё тамом шуда буд, ё дар пеши назари мо тамом мешуд.
Чун дар ошхонаи даҳум низ муроди мо ҳосил нагашт, акаи Нозирҷон хиҷолатомез ба соат нигарист.
– Афсўс, бемаҳал шуд. Ман ҳоло боз бояд бозор равам. – Сипас афзуд. – Вале шумо аз ман наранҷед. Дидед, худи зиндагӣ нагузошт, ки ман одамгарӣ кунам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё