Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
АЗ НАРХАШ
Ҳаво гарм буд, бинобар ин, бо вуҷуди баландии нархаш аз пивои сард якдўлчаӣ нўшидем.
Азбаски рассом Азимҷони Муҳаммадиро ранги рўй канда, ба чашмонаш сурхӣ давида буд, вақти баромадан аз ошхона Ҳайрат Шанбезода гуфт:
– Маст шудӣ– чӣ?
– Ҳа, – хандид Азимҷон. – Фақат аз худи пиво неву аз нархаш…
ЧӢ МЕХЎРЕД?
Боре Саттор Турсун гуфт, ки «имшаб хоби ғалатӣ дидам. Чанд кас ба миёна гирифта, мезаданд. Ба замин афтода будам, бо дастонам сарамро дошта печутоб мехўрдам. Вале– аҷабо!– дардро ҳис намекардам ва худ ба худ мегуфтам: бигзор зананд, даҳонамро дўзанд, ба дор овезанд. Аздусар қавлу кори ман дигар намешавад.
Ҳаргиз дар пеши ду– се номард сар хам намекунам, гапамро рўирост мегўям…»
Ин дам яке аз ҳамқаламон аз дар даромада, бо ҳама пурсупос кард ва барои чӣ бошад, ба рўи Саттор Турсун зеҳн монда нигаристу таъкид намуд, ки вақтҳои охир қиёфаи ў хеле тағйир ёфтааст.
– Сатторҷон, чӣ мехўред, ки ин хел фарбеҳ шудаед?– донистан хост ў сипас.
– Шатта, – табассум кард Саттор Турсун.
НАМЕХОҲАМ
Чилди нави «Қомуси адабии точик» ба нашр омода
мегардид. Яке аз муҳаррирони он Фарҳоди Карим ба адиби ҳаҷвнигор шодравон Бурҳон Fанӣ мегўяд, ки санадҳои муҳими тарҷумаи ҳол ва як дона аксашро биёрад, то дар чилди мазкур ҷой диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё