Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дег чӣ лозим? ҳафтаи гузашта онҳо ҳамроҳ аз Тоҷикобод омаданд ва нағз дар хотир дорад: вай дар роҳ як дег харида буд.
Н. гапи вайро тасдиқ кард.
– Фақат як неву ду дег харида будам. Онҳо ҳоло дар таҳхона истодаанд, – гуфт ва илова намуд:– Аз рўи шунидам, ин дегҳо чўянианд. Мебинем, агар калонтар бошанд, аз инҳо ҳам дута мехарем.
Шиноси Н. дигар чизе напурсида, дар ғояти тааҷҷуб шонаҳояшро боло андохт.
Онҳо ба мағозаи километри нуҳум рафтанд.
Рўзи дигар Н. аз фарти хурсандӣ чашмонаш барқ зада, пай дар пай чанд бор суруди «Ленин– бародар, раҳнамо!»– ро хонд. Фаҳмидем, ки кораш омад кардааст ва барои табрик дасташро фишурдем.
– Хайрият, сари вақт рафтем, – посух дод ў, – агар не, бенасиб мемондем. Фурўшанда шинос баромад, ба исрори вай яктаи дигар харидам. Гапаш дуруст:кӣ медонад, боз кай ба мағоза дегҳои чўянӣ меоянд. Ҳамин тавр, ба ин сета биста шуд шумораи дегҳоямон.
Мо дам назадем. Биста– а? Муҳаррирони нашриёт он тараф истанд, ҳатто ошпазҳои касбӣ ин қадар дег надоранд дар деҳа!
Баъди ду рўз димоғи Н. якбора ночоқ гардид. Чинҳои пешониаш ба ҳамдигар печида, чигот андохта менишаст.
Нохост телефон занг зад ва ў гўшакро бардошта, якбора чеҳрааш равшан гардиду муддате башавқ даст афшонд.
Баъд хаёлолуд аз тиреза ба осмон нигариста ғурунгид:
– Ватанам– СССР, Гулшанам– СССР!. .
Пои духтари Н. вазнин буд, мо гумон кардем, ки чашми вай равшан шудааст ва ба табрикаш бархостем.
Вале…
– Чӣ? Не, ҳоло ба бобо шудани банда вақт ҳаст, – гуфт ў. – Сабаби ин ҳолати ман дигар. – Н. андешамандона дафъатан аз тиреза, ба осмони соф нигарист. – Келин ҳам имрўз аз вай харидааст…

пешина
аз 231
навбатӣ