Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

РОЗӢ НЕСТАНД

Як гурўҳ адибон ба ноҳияи Ёвон омада, аз чанд хоҷагӣ дидан мекунанд. Дар ниҳояти вохўриву мулоқотҳо шоири ёвонӣ Убайдуллоҳ Ширин онҳоро ба хонааш даъват менамояд, ба як пиёла чой. Дар назди дарвозахонаи Убайдуллоҳ тавилаи хар будааст. Ҳангоми аз дарвоза ворид шудани меҳмонон, саҳеҳтараш, баробари дидани роҳбалад С. (корманди кумитаи ҳизбии ноҳия) хар як қад парида, дар ғояти бесаранҷомӣ баланд ҳанг мезанад.
С. ба андеша меравад: онҳо чанд тан зан ҳастанд, чаро хар маҳз ба вай ҳанг зад? Ва қабл аз даромадан ба меҳмонхона дар хонаи дигар либосҳои худро ба ифоқа меорад, яъне ба сар рўмол гирифта, поҷома мекунад.
Убайдуллоҳ қабл аз гусели онҳо… даҳони харро «мебандад», яъне дар пешаш як бағал беда мепартояд, ки вай аснои баромадани меҳмонон бетамизӣ накунад.
Хар ҳурмати меҳмононрпо ба ҷо меорад, фақат…
Ҳамин ки С. ба тавила наздик шуд, нохост сарашро бардошта, гарданашро меёзонад, вале… ҳанг назада якбора сарашро поин меафканад ва гўё узромез фирқ– фирқ мекунад, яке аз онҳо (ғолибан устод Қутбӣ) мегўяд:
– Дидед? ҳатто харҳоямон розӣ нестанд, ки занҳо либосҳои миллии худро партоянд!. .
26. 01. 1996.

ТУҲФАИ ОЛИҶАНОБ

Н. ба кадом як шиноси мошиндораш занг зада, хоҳиш намуд, ки баъди ним соат ба нашриёт биёяд, бо ҳам ба мағозаи маҳаллаи километри нуҳум мераванд, ба он ҷо дегҳои нағз омадааст.
Шиноси Н. дарзамон ҳозир шуду изҳор кард, ки ба хидмат тайёр аст, лекин…як чизро намефаҳмад. Яъне ба Н.

пешина
аз 231
навбатӣ