Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аз чӣ? Дег!
– Ҳа, – боифтихор табассум кард Н. – Мебинад, ки дар мағозаи худамон тал задагӣ. Боз аз ҳамонаш, ки ба ман маъқул аст– чўянии дугўша. Илоҳӣ барака ёбад, зани дурандеш аст модари бачаҳои ман. Бидуни фикру хаёле дута мехарад…
… Як рўз Гурез Сафар дертар ба кор омада, моро ғарқи дарёи тафаккур диду оҳанги тааҷҷуб кард– «Чӣ гап?»
– Ҳозир Н. занг зад, – гуфтем мо. – Имрўз вай мавлуд доштааст. Ҳамаро ба хонааш даъват кард.
Гурез хурсанд шуд.
– Бисёр хуб. Сарҷамъ шуда меравем. Дар дунё аз табрики дўст дида кори савобтаре нест!
– Гапат дуруст, – паси сар хоридем мо. – Лекин ним соат аст мо ба хулосае омада наметавонем. Чӣ туҳфа хоҳем бурд, ба рўзи мавлуд дасти холӣ рафта намешавад.
Гурез ба фикри мо розӣ шуд.
– Дар ҳақиқат, масъалаи туҳфа бисёр ҷиддист. Н.
одами ҳассос, зуд хотираш бор мегирад.
– Ҳама гап дар сари ҳамин, ки Н. наранҷад, яъне туҳфа бояд на фақат кироӣ, балки мувофиқи табъи ў бошад.
Баъди каме анденша Гурез… бори вазнини хиҷолатро аз дўши мо бардошт, яъне гуфт, ки мо бистсўмӣ партофта, хотирҷамъ ба хонаи Н. равем, вай масъалаи туҳфаро ҳал карда, аз ақиб меояд. Азбаски Гурез дар ин кор– интихоби туҳфа маҳорати хоса дошт, мо миннатдорона ба китфаш даст ниҳодем– «Ташаккур!»
Гурез дар ваъда хилоф накард, соате пас омад. Ўро худи Н. истиқбол намуда, ба хона даровард. Аз ҳолати хуши Н. фаҳмидем: Гурез туҳфаи олиҷанобе харидааст ва бо иштиҳои қозгир кабобу шароб хўрдем…
Ниҳоят вақти рафтан шуд, мо ба Н. умри дарозу саломатии бардавом орзу намуда, бархостем. Ҳангоми гусел Н. калиди мошини Гурезро ба дасташ дода, гуфт:
– Гапат рост будааст, дар ҳақиқат он ба дари хона нағунҷид, ба таҳхона бурдем.

пешина
аз 231
навбатӣ