Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҷои вай алъон таҳхона аст, – хандаи ночаспоне кард Гурез ва афзуд:– Чизҳои калонро одатан дар таҳхона нигоҳ медоранд.
Н. ба аломати ризо калла чунбонда, хушбошӣ намуд.
Мо ба мошини Гурез нишастем.
Дар роҳ аз Гурез пурсидем: Ба шаст сўм чӣ харидааст, ки ин қадар калон асту ба дари хона намеғунчад?
Гурез боз хандид.
– Истед, аз хонаи Н. дуртар равем, баъд мегўям.
Ба дили мо алав афтид: барои чӣ вай ин тавр мегўяд?
– Барои он, ки Н. қуттиро кушода, фиғон бардорад, овозашро нашунавем.
Ҳуш аз сари мо парид.
– Фиғон бардорад?
– Ҳа, – суръати мошинро афзуд Гурез. – Ман, охир…
Дар даруни қуттӣ дег аст. Деги калони ошпазӣ…
28. 01. 1996.

БИСЁР ГАП НАЗАН!

Баъди чанд моҳи табобат дар беморхона ва «истироҳат» дар хона боз ба кор шурўъ кардам. Ёди он рўзҳо бароям бисёр гарон аст, – бо азоби алим идора омада, бармегаштам. Гоҳо дарди ҷонкоҳ боло мегирифт ва бе мадади дигарон наметавонистам аз ҷой бархезам ё берун аз остона пой ниҳам.
Хайрият, рўзҳои сахту ваҳшатбор пушти сар шуданд, – сиҳатӣ ба нозу нуз ва миннату нудрат бошад ҳам, билохир даст дод.
Дар он рўзҳо шодравон Баҳром Фирўз аз Хуҷанд ба Душанбе омаданд ва аҳволи бади маро дида, ангушти тааҷҷуб газиданд. Оё мумкин аст одам дар чунин як муддати кўтоҳ аз биҳишти бароҳати тандурустӣ ба дўзахи тоқатфарсои беморӣ афтад? Сипас кулоҳро аз сар гирифта, ба кўмаки ман (Бояд гуфт, ки он кас аз асрори тибби қадим як андоза бохабар буданд ва аксари китобу рисолаҳои духтурони ҳозиқ ва муттахасисони варзидаи тибби муосирро мехонданд) камар бастанд, яъне ба дилсўзии тамом дастур медоданд: барои раҳидан аз ин беморӣ чӣ бояд кард?

пешина
аз 231
навбатӣ