Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳазл накун, Музаффарҷон. Ман аз 39 бор зиёд набохтаам.
– Ман ҳазл накардаам. Воқиан ҳам 40 бор бохтед.
– 39 бор.
– Не, 40 бор…
Ҳарифон барои ором намудани асабҳо тамоку мекашанд. Вале…
– Ин якравии ту, Музаффарҷон, беҳуда аст.
– Ман якравӣ накардаам, ако, 40 бор буд.
– Чӣ хел чил бор, модоме дар варақи назди ман 39 сабт аст?!
– Шумо ба варақи ман нигоҳ кунед. Ака, 40!
Хуллас, боз чанд дақиқа мунозира мекунанд онҳо ва ҳеҷ кадом аз гапи худ намегардад.
– 39!
– 40!
– Ман мегўям 39!!.
– Ман мегўям 40!!.
Ниҳоят тоқати соҳиби хона тоқ гардида, ба меҳмони худ мегўяд:
– Медонӣ– чӣ? Агар боз як бор 40 гўӣ, туро аз хона меронам!
– Маро рондан шарт нест, худам меравам, – мехезад аз ҷой Музаффари Хол ва борониашро пўшида, дар ҳамон маҳали шаб (яъне соати 4) пиёда ба хонааш меравад. Ва пеш аз баромадан аз хона:
– 40!!!– гўён, аз чӣ бошад, забонашро ба соҳиби хона нишон медиҳад.
01. 12. 1995.

ИСРОРИ БЕМАВРИД

Бо коре ба хонаи Н. рафтем. Ў моро ба ҳавлӣ дароварду худ ба куҷое ғайб зад. Пурсем, бозор рафтааст.
– Афсўс, ки исрори вай саризабонӣ будаасту мо нафаҳмидем, – тарҷумони шинохта Ўктами Холиқназар ин латифаро нақл кард:

пешина
аз 231
навбатӣ