Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Корамро буд карда, хостам аз Ҳоҷӣ Мурод хабар гирам. Дари шуъбаро кушода, аз ғояти тааҷҷуб чашмам чорта шуд.
Ҳоҷӣ Мурод аллакай мудири шуъба шуда буд ва дар болои сари мудири собиқ– корманди собиқадори нашриёт– рост истода, ба вай тарзи кор меомўхт…
29. 11. 1995.
ТААССУРОТИ МУАССИР
Шеъри нахустини Н. чоп шуд, дар рўзномаи ҷавонон.
Онро хонда, таассуроте набардоштам: чанд сатри манзум буду маънии дилрасе надошт. Вале баъди ду– се рўз худи ўро дар ошхонаи Иттиҳодияи нависандагон дида, аз суҳбаташ таассуроти муассир бардоштам. Сари ҳар гап вай мегуфт: «Мо– шоирон…) 29. 11. 1995.
39 ё 40
Боре муҳаррири нашриёт Музаффари Хол дар хонаи тарҷумони шинохта Н. мешавад. Онҳо нимтаро ба миёна гузошта, то як поси шаб базм мекунанд. Баъд шавқи қувваозмоӣ боло гирифта, ҳарду сари тахтаи шоҳмот мешинанд. Ва барои он, ки ҳисоби кор гум нашавад, ҳар кадом назди худ варақи тоза гузошта, дар он ҳисоби бурди худ ва бохти ҳарифашро қайд менамояд.
Соат сеи шаб. Бозии навбатӣ анҷом мепазирад ва ҳарифон дар варақҳои худ қайдҳои зарурӣ мегузоранд.
Ин дам чашми Н. ба варақи назди Музаффари Хол афтида, абрў ба ҳам мекашад.
– Ин чист?
– Шумораи бурдҳои ман.
– Чӣ хел…Ман буду шуд 39 бор бой додам. Барои чӣ чил навиштӣ?
– Барои он чил навмштам, шумо ҳамин қадар бой додед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё