Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Марде дари як шиносашро кўфта, ба ў аз номи шиносаш салом мерасонад. Сипас хайру хуш карда, мехоҳад ба роҳаш равад. Вале шиноси шиносаш пеши роҳи ўро мегирад, яъне то хонам надаромада, як пиёла чой нанўшед, иҷозати рафтан нест: мо мардуми меҳмондўст ҳастем ва намегузорем, ки…
Марди мусофир исрори ўро аломати самимият пиндошта, ноилоҷ сари аспашро мегардонад ва вақте ба ҳавлӣ даромаданд, аз соҳиби хона мепурсанд, ки аспашро дар куҷо бандад.
Соҳиби хона, ки аллакай аз исрори бемавриди худ пушаймон шуда буд, забонашро ба вай нишон дода, бо як ҷаҳон алам мегўяд:
– Ана, дар ин ҷо!. .
02. 12. 1995.
БОЯД МУРД
Боре Ҳайрат Шанбезода гуфт, ки зиндагӣ мураккаб шудааст ва кас наметавонад ба сарҳисоби он равад, – ду– се рўз аст дар хонааш як мағз нон нест ва намедонад:
пагоҳ мешавад ё не.
– Сарҳисоби зиндагиро ёфтан осон нест, – гуфтем мо,
– яъне мард бояд буд.
Ҳайрат аз ин гап ҳайрон шуд.
– Мард. Чӣ тавр?
– Мисли устод Қутбӣ, яъне бояд мурд.
– Мурдан лозим бошад, Аҳмадшоҳ барин якта нимта беморон муранд, – хандид ў. – Мани тандуруст барои чӣ мемурдаам!. .
05. 12. 1995.
БАРДОШТА НАМЕТАВОНАД
Шоир Н. гуфт, ки аз афтидан ҳарос надорад, зеро
агар афтад, боке не, фалонӣ ва фалониҳо ўро хоҳанд бардошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё