Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале дар долон…
акаи Шоҳинро дида, ҳангам канд. Азбаски лифт вайрон буд, ба ў лозим омадааст, ки ҷуссаи калону вазнинашро базўр кашола карда, аз зинаҳо ба қабати сеюм барояд.
– Чӣ бочкаи пиворо дидагӣ барин даҳонат воз шуд?– арақи гардани кўтоҳу ғафсашро тоза кард акаи Шоҳин.
– Мана дастнаваис, гиру ба матбаа фирист.
– Хуб, ҳозир мефиристам, – базўр овоз баровардам ман. Лекин… саломатиатон чӣ тавр?
– Саломатиам…– Шубҳаомез як ба ман ва як ба дари ҳуҷраи акаи Зиёратшоҳ нигарист ў. Баъд табассуми фарох кард. – Дастнависро супорида зудтар биё, ба ошхона меравем. Дар сари косаи шўрбо хоҳӣ фаҳмид саломатии маро. Ман дар назди Зиёратшоҳ мешинам.
Чизе нагуфта ба шуъбаи истеҳсолот рафтам. Аз он ҷо баргашта, дар ғояти тааҷҷуб назадаму бас. Зиёратшоҳи харобу лоғар ва Шоҳини фарбеҳу ғафс нўл ба нўл шуда, башавқ чизеро ба ҳамдигар нақл мекарданду механдиданд.
Маро дида, акаи Зиёратшоҳ базўр лабу лунҷашро ҷамъ намуд ва гуфт:
– Медонӣ– чӣ, сурати воқиа андак дигар будааст.
Яъне Шоҳина неву Шоҳин мошина задаст…
06. 08. 1995.

МОНАНД МЕШУД

Иноят Насриддин бемор буд, бо Ҳамроҳи Авлиёпур ба диданаш рафтем.
Дарро худи Иноят– ҷомаи беқасаб дар тан дошту миёнашро бо фўтае маҳкам баста буд– кушода, моро ба меҳмонхона ҳидоят намуд. Ба гирди дастархон нишаста, аз ў ҳол пурсидем.
Иноят Насриддин аввал гуфт, ки чанд рўз қабл аз ин китоби олимеро хонда, фаҳмидааст асал (ў ба пиёлаҳои рўи дастархон ишора кард) ба саломатии инсон зарари беҳад доштааст. Ва баъд… ба пурсиши мо посух дод:

пешина
аз 231
навбатӣ