Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Fолибан хатар гузашт. Табам монд, задани дил муътадил гардид. Ҳоло устухонҳоям, шукр, хеле сабуканд. Фақат дарди чашм ҳанўх ҳам азоб медиҳад.
– Парво накунед, инаш ҳам мегузарад, – намоишкорона аз пиёлаи асал даст кашидам ман. – Анна, мебинед:
дар бадали ду– се рўз ту дидию ман надидам мешавад.
– Кошкӣ, кошкӣ, – Иноят дардмандона табассум карда, латтаи чорқатро (Ин латта дар дасти ў буду онро ҳар лаҳза дар чашм мегузошт)боз ба чашм бурд. – Дар торикӣ дардаш камтар аст, вале дар рўшанӣ…
Соате бо Иноят нишаста, ниҳоят бархостем.
Дар берун Ҳамроҳи Авлиёпур пурсид: барои чӣ дам ба дам аз Иноят хоҳиш менамудам, ки латтаи дасташро ба чашм монад, оё аз ин ба чашм манфиате буд?
– Намедонам, – гуфтам, – лекин ман аз дидани он хеле завқ мебурдам. Зеро Иноят вақти дар чашм гузоштани латта ба кўри Шермат бисёр монанд мешуд…
05. 10. 1995.
ЗУД БИЁ
Дар нашриёт машғули таҳриру тасҳеҳ будам. Телефон занг зад.
– Додо, зуд биё! Гапи муҳим ҳаст!. .
Саросема ба истгоҳ баромада таксӣ доштам. Саттор Турсун дар ҳуҷраи кори худ– шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» нишаста буд, парешонхотир менамуд.
Маро дида, ҳайрон шуд. Вале баъд… чизе ба ёдаш расид магар, қаламашро як тараф монда, ба курсӣ ишора кард.
Дар рў ба рўяш нишастам. Ў сигарета даргиронда, то охир кашид ва зоҳиран ба хотир оварда натавонист: барои чӣ чеғ зада буд маро. Андешамандона узр хоста, боз ба кори худ машғул шуд.
Ба нашриёт (маҳаллаи километри нуҳум) баргашта, акнун ба ҳуҷраи кор даромада будам, ки Саттор Турсун занг зад.
– Додо, зуд биё! Гапи муҳим ҳаст!. .

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё