Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МОШИН ЗАД

Китоби нави Шоҳин Боевро ба нашр омода сохтем.
Вале қабл аз ин, ки он ба матбаа равад, муаллиф аз мо хоҳиш намуд, дастнависро ду –се рўз дар ихтиёраш гузорем. Ў мехоҳад баъзе саҳифаҳоро аз назар гузаронада, ба саҳеҳии номи маҳалҳои тасвир ва иддае қаҳрамонон эътимод оварад.
Хоҳиши ўро пазируфтем, вале ба ин шарт: баъди ду– се рўз ҳатман дастнависро бармегардонад, то мо дар таҳвили он таъхир нанамоем.
Рўзе, ки мебоист акаи Шоҳин ояд, ман ба кор дер мондам. Ақрабаки соат кайҳо аз даҳ гузашта буд.
Баробарои расидан ба нашриёт аз ҳамкорон пурсидам: акаи Шоҳин омад ё не.
– Не, – гуфтанд онҳо. Баъд маънодор ба ҳамдигар нигаристанд. – Ту магар бехабарӣ?
– Аз чӣ?
Нигоҳи ҳамкорон боз ба ҳамдигар печид.
– Аз он ки… Не, беҳтараш ту ба назди Воҳидов рав, аниқашро ҳамон кас медонанд.
Аз ин хабар, рости гап, дилам таҳ рафту сарам чарх зад. Ба суроғи Зиёратшоҳ Воҳидов шитофтам. Вай баъди ним соат аз…истинҷо баромад.
– Оё рост аст? Акаи Шоҳин…
– Рост, – каллаи хурдакакашро вазнин– вазнин чунбонд акаи Зиёратшоҳ. – Дар ҳақиқат, ҳамин саҳар…Ман ҳам нав шунидам…
Медонистам, ки Зиёратшоҳ Воҳидов ба Шоҳин Боев дўстони наздиканд. Бинобар ин саросема гуфтам:
– Агар ин хабар рост бошад, барои чӣ шумо дар ин чо? Яъне дар сари болини дўстатон нестед.
Акаи Зиёратшоҳ табассуми муғамбирона кард.
– Гуфтам– ку: ман ҳам ҳозир шунидам. Баъди пешин ҳатман меравам.
Ман саросема аз ҳуҷраи кори акаи Зиёратшоҳ баромадам, ки зуд ба беморхона равам.

пешина
аз 231
навбатӣ