Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Аз ин ба таки пўстини нозирони интизом кайк даромада, «Дафтари сиёҳ» – и худро мекушоянд. Ва ҳуш аз сарашон мепарад– номи Ҳалимшоҳ дар чанд ҷой зикр буд. Фавран мераванд назди сардабири рўзнома.
Қаландаров (Fоиб Назарович) ба кори муҳиме банд будааст. Бо вуҷуди ин, қаламу коғазро як тараф монда, ба арзи нозирони интизом гўш медиҳад. Ва… аз худсариву нописандии Ҳалимшоҳ, ки кам не, расо ҳаждаҳ рўз ба кор наомада буд, якбора димоғаш сўхта, ба котиба мефармояд, то вайро зуд ба наздаш хонад.
Котиба дарҳол Салимшоҳро чеғ мезанад. Fоиб Назарович дар ҳузури нозирони интизом, дар ҳолате ки аз шиддати ғазаб чашмонаш барқ мезаданд, мегўяд:
– Ин ҷо бишину навис!
Салимшоҳ паси миз гузашта, қаламу коғаз мегирад.
– Чор рўз. Се рўз. боз чор рўз. Ду… Панҷ…
Навиштӣ?
– Ҳо.
– Ҷамъ кун, чанд рўз мешавад?
– Салимшоҳ аз мақсади сардабир пай бурда, дасту по мехўрад.
– Ҳаф… ҳафт рўз…
Fоиб Назарович аз ғояти ғазаб мушт ба миз мекўбад.
– Ҳашт рўз дар кучо будӣ?!.
30. 07. 1995.
ТАЗОД
Н. , ки пушти дасташ сахт буду дар ҳиммат аз хасисон ҳам гўйи сабқат мебурд, аз дари ҳуҷра даромада, дарҳол пурсид: оё писараш наомад.
– Омад, – посух додем мо ва боифтихор гуфтем, ки вай аҷаб инсони дасткушоде будааст, ба таваллоямон намонда, моро ба ошхона бурд, зиёфат дод. Ҳатто барои иштиҳо пеш аз тановули таом садта– садта…
– Арақ?– бетоқат шуда, ба даҳони мо нигарист Н.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё