Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не, коняк харид!– қаонатмандона оруғ задем мо.
Дуд аз димоғи Н. баромаду хаёлан писарашро маломат намуд. Баъд:
– Беандеша! Ман ба ту гуфтам, ки то омаданам…– гуфт ва нохост ҳаяҷонаш боло гирифта, ба суроғи доруи таскинбахш ба ҳуҷраи занҳо рафт.
Ҳайрат:
– Тазодро бинед: аз чунин падари хасис чунин фарзанди дасткушод рўидааст!
– Ҳа, каллачаи бемўяшро хорид устод Қутбӣ. Сипас ба лабханди асроромез ин байти ҳазрати Соибро хонд:
Диҳад самар зи рагу решаи дарахт самар, Нуҳуфтаҳои падар аз писар шавад пайдо!
23. 08. 1995.

ПАРТОФТАНД

Дар дунё ҳеҷ кас моҳи беайб нест. Н. инсони хуб ва муҳаррири беҳамтое буд, лекин як қатор одатҳои нобоб ҳам дошт. Яке аз онҳо ин буд, ки ў мудом хабаркашиву иғвогарӣ мекард.
Борҳо ба ў гуфтем: ин кори хуб нест, накунад. Вале Н. ба гапи мо гўш намеандохт. Зоҳиран, хабаркашиву иғвогариро як навъ ҳазл мепиндошт ў ва бо «шўхӣ»– ҳои булаҷаби худ қариб ҳар рўз дили нафареро меранҷонд.
Як дафъа «илҳом»– и ў омаду шўхии бағоят ҷиддие кард. Ва бояд гуфт, ки хеле нохуш анҷомид он. Дар оқибати ин шўхии ҷиддӣ чанд кас бо ҳамдигар ногап шуд, чанд нафар аз кор рафт ва қариб буд ба оилаи аҳлу тифоқе чашми бад расиду нобасомониву ҷудоӣ ба амал ояд. Хайрият, одамони нек сари вақт ба миёна даромаданд, вагарна… сафи зиндаятимони ҷумҳурӣ боз ду нафар меафзуд.
Ин воқиаи нангин Н. – ро ба андеша водор сохт ва ў дар пеши ҳамкорон ваъдаи қатъӣ дод, ки аз баҳри ин одати бади худ мебарояд, яъне аз зиқӣ кафида мурад ҳам, дигар «шўхӣ» намекунад.
Боре дар долони идора саргарми суҳбат будем, кадоме омаду аз Н. гўгирд пурсид. Ў ҳанўз даҳон накушода,

пешина
аз 231
навбатӣ