Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
КАДОМ АБЛАҲ?
Наҷмиддин Азизов – котиби масъули рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» аз матбаа занг зада, ба Раҷаб Мардон мегўяд, ки дар қабулгоҳ оби ҷўш ҳаст, барои сармуҳаррир (Нур Табаров) чой дам кунад, – котиба ба духтурхона рафтаасту маълум нест кай меояд.
Раҷаб Мардон хоҳиши Наҷмиддинро пазируфта, зуд аз ҳуҷраи кор мебарояд.
Сармуҳаррир сармақола менавишт. Сари ў хам буду ҳушу ёдаш– ба ҷумлаи нотамом. Ва аз дар даромадани Раҷаб Мардонро пай набурд. Раҷаб ҳам нахост ба вай халал расонад ва хомўш дароз шуда, оҳиста чойникро аз болои миз бардошт.
Ин дам воқиае рўй дод, ки баробари бардоштани чойник тақсимча (ғолибан, ба таги чойник часпида будааст) аз он ҷудо шуда, ба фарши ҳуҷра афтид ва садои нохуше бароварда, пора– пора гардид.
Сармуҳаррири аз таги гап бехабар як қад парида, ҳаросон сар бардошт ва Раҷаб Мардонро дар рў ба рўи худ дида, бо қаҳр пурсид:
– Кадом аблаҳ ба ту чой дам кун гуфт?
Раҷаб Мардон дасту по нахўрда, бо хотири ҷамъу ҷиддияти тамом ҷавоб дод:
– Наҷмиддин Азизов!
30. 07. 1995.
ДАР КУҶО БУДӢ?
Завчаи Салимшоҳ Ҳалимшоҳ бемор мешаваду ў чанд рўз ба кор намеояд, – беморбонӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё