Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рўзе ин шикорӣ бар асп савор шуда, бо иддае аз ҳаммаслакон ба шикор рафт. ҳанўз фосилаи зиёдеро тай накарда буд, ки боди шадиде вазид ва мўи маснўии ўро аз сараш даррабуд. Дар ин вақт ҳаммаслакони ў хандаи баландеро сар доданд. Шикорӣ аспи худро истод кард ва бо шўхӣ ба ҳамроҳони худ гуфт:
– Ман аз гурехтану бевафоии ин муҳои маснўӣ тааҷҷуб намекунам, зеро инҳо ба соҳиби аслии худ, ки ба ў як ҷо таваллуд шуда буданд, вафо накарданд, пас ба ман чӣ гуна вафо хоҳанд кард.

ДАРАХТОН ВА ТАБАР

Марде ба ҷангал омад, ва аз дарахтон дархост кард, то барои табари ў дастае бидиҳанд. Дарахтон ин хоҳиши ўро қабул карда, барои ў дастаи бисёр хубе доданд.
Ҳамин ки табараш даста ёфт, мард дарахтони бисёр қавиро аз по дарафканд. Яке аз дарахтон аз мушоҳидаи ин вазъ бо дарахти дигаре гуфт:
– Иқдоми авали мо ғалат буд. Агар мо ба ў ҳақ доштани як дастаи табарро намедодем, абадан имрўз ба марг маҳкум намешудем.

РУСТОӢ ВА УҚОБ

Як нафар рустоие дар саҳро мегашт. Дар ҳини гашту
гузор уқоберо ёфт, ки дар доме гирифтор шуда буд. Рустоӣ
аз уқоб он қадар хушаш омад, ки ўро билфосила раҳо
кард. Уқоб ин эҳсони рустоиро фаромўш накард. Бо ин
тартиб, ки рўзе дар зери сояи деворе ба хоб рафта ва дастмоли худро ба рўи худ андохта буд. Девор кўҳна ва кафида
буд. Уқоб ба ў наздик рафта, дастмолро аз рўи ў гирифта,
ба ҳаво рафт. Вақте рустоӣ ба таъқиби ў давид, уқоб дастмоли ўро поин андохт ва рустоӣ дастмоли худро гирифта омад, то дар зери ҳамон девор дубора бихобад, вале дид, ки девор афтодааст.

пешина
аз 231
навбатӣ