Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кабк аз дидани ин манзара бо худ гуфт:
– Ман набояд аз аҷнабӣ будан ин қадар ранҷ бибарам, зеро ба чашм мебинам, онҳо ба якдигарӣ худ аз ҷанги душманӣ музоиқат намекунанд.

ТАБОБАТИ БАҚҚА

Баққае аз хонаи худ бадар шуда, ба овози баланд ҳайвонотро садо кард ва гуфт:
– Ман табиби бисёр ҳозиқ ва духтури бисёр варзида ҳастам. Давое, ки ман медиҳам, тамоми дардҳоро илоҷ мекунад.
Рўбоҳе, ки ин иддаои баққаро шунид, ба ў наздик шуда, гуфт:
– Агар воқиан ту ин тавр духтури бисёр варзида ва моҳир ҳастӣ, чаро поҳои ҷалду пур аз чину чамлаки худро илоҷ намекунӣ?

ШЕР ВА ХАРГЎШ

Шере аз наистоне мегузашт ва назараш ба харгўше афтод, ки хобида буд. Шер мехост харгўшро шикори худ созад, ки дар ҳамин асно оҳу бо суръати ҳарчӣ тамомтар аз наздики шеру харгўш рў ба фирор ниҳод. Шер харгўши хобидаро шикори худ тасаввур карда, ўро гузошт ва таъқиби оҳу давид. Пас аз давидани зиёд аз гирифтани оҳу ноумед шуда, хаставу зилла омад, то ақаллан харгўшро туъмаи худ созад. Вале нафаҳмида буд, ки харгўш аз давидани оҳу бедор шуда, фирор карда буд. Шер маъюс гардида бо худ гуфт:
– Ростӣ, ман сазои худро ёфтам. Ман чаро нақдро дар бадали насия аз даст додам.

ШИКОРИ БЕМЎ Як нафар шикориеро гўянд, ки дар сари худ мў надошт ва дар иваз мўи маснўӣ ба сари худ мегузошт.

пешина
аз 231
навбатӣ