Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Рустоӣ дар ҳамин вақт фаҳмид, ки уқоб эҳсони ўро бо эҳсон мубодила кардааст.
НАРГОВ ВА БУЗ
Нарговеро ҳикоят кунанд, ки аз шере гурехта ва дар ғори кўҳе паноҳгузин шуда буд, ки қаблан шубонон бузҳои онҳоро дар он ҷо ҷо дода буданд ва бузе дар он ҷо фаромуш шуда буд. Буз вақте нарговро дид ва бар ў ҳамла кард ва ўро бо шохҳои худ мезад. Гов оҳиста ба буз гуфт:
– Эҳтиёт, бародар, ман аз ту тарс надорам, балки тарси шер маро ба ин ҷо кашидааст. Сабр кун, хатари шер бигзарад, он гоҳ ман ба ту мефаҳмонам, ки қуввати наргов ва буз аз ҳам чӣ тафовут дорад.
Дўстонро дар мавқеи зарурат набояд озор дод, балки боист аз онҳо дастгирӣ намуд.
ДУ БАҚҚА
Ду тан аз баққаҳо бо ҳам дўстӣ дошатнд. Яке аз онҳо дар ҳавзе зиндагӣ дошт, ки аз назари мардум дур буд ва дувумӣ дар ҷаббазори наздики роҳи умумӣ умр ба сар мебурд. Рўзе баққаи аввалӣ ба дўсти худ пешниҳод кард, ки ҷои раҳоиши худро тағйир бидиҳад, зеро ҷои раҳоиши ў бар иловаи ин ки наздики роҳи умумӣ буда, хатарнок аст, ғизои кофӣ ҳам надорад. Баққаи дуввумӣ машварати дўсти худро қабул накард ва ҷавоб дод, ки ў ба муҳити худ одат гирифт ва наметавонад ҷои раҳоиши худро тағйир диҳад.
Чанд рўзе баъд аробае, ки аз он роҳ мегузашт, баққаи дувумиро зери чархи худ гирифт ва кушт.
ДАРАХТИ ЧОРМАFЗ
Дарахти чормағз, ки шохҳои он пур аз мева буд, дар
канори роҳе меистод. Роҳгузарон шохаҳои ўро ба санг ва чўб мешикастанд, то чомағзҳояшро бигиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё