Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Дар чунин гуфтугў буданд, ки Ҳайрат Шанбезода ба ҳуҷраи кор ворид шуд.
– Медонӣ– чӣ?– ба Муҳтарам рў овард ў. – Яке аз дуздҳоро ман бо чашми худ дидам. Лекин…ҳозир номашро намегўям. Чунки вай шоири хуб аст, обрўю эътибори баланд дорад. Намехоҳам номаш ба дуздӣ барояду шарманда шавад.
Муҳтарам андешамандона лаб газид.
– Ҳозир намегуфтаӣ. Хайр, кай мегўӣ номашро?
– Баъди ду– се сол, – хушҳолона калла ҷунбонд Ҳайрат. – Дар ин муддат алами ту аз дил мераваду нисбат ба вай кина намепарварӣ…
Аз байн чанд сол гузашт. Боре суҳбат ба мавзўи картошка оид шуду Муҳтарам ваъдаашро ба Ҳайрат хотиррасон намуд.
– Ё кайҳо фаромўш кардаӣ?– пурсид ў.
– Не, – гуфт Ҳайрат. – Ман қавл дода будам, ки яке аз картошкадуздҳоро ба ту ошкор созам.
Fолибан, осори алами он воқиа ҳоло ҳам дар дили Муҳтарам будааст, ки чашмонаш якбора барқ заданд ва бесаброна гуфт:
– Хайр, кӣ будааст он аблаҳ?
Ҳайрат Шанбезода гунаҳкорона паси сар хорид.
– Ман…
12. 06. 1995.
КИТОБИ НАВ НАВИШТААСТ
А. А. ба ҳуҷраи кори мо даромада, курсии холиро назди мизи Ҳайрат (мудири шуъба) кашиду чизеро ба ў нақл кард, Баъди ба ҳуҷраи худ рафтани вай Ҳайрат гуфт:
– Ба назарам, А. А. китоби нав навиштааст.
– Аз куҷо фаҳмидӣ?– ҳайрон шудем мо. – Охир, вай аз хусуси китоб чизе нагуфт– ку?
– Дуруст, вале… инро пай бурдан ҳеҷ душворӣ надошт.
– Чӣ тавр?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё