Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Адҳамшоҳ аз ханда базўр худдорӣ менамояд.
– Чӣ хел… тандуруст? Оё дирўз аз китфи вай саги девона нагазид?. .
10. 06. 1995.
ОН АБЛАҲ КИСТ?
Дар ҷамъомади навбатии Иттифоқи касаба қарор доданд, ки аз ноҳияи Fарм як мошин картошка оварда шавад ва ба ин кор мудири шуъбаи нашриёт Муҳтарам Ҳотамро вобаста карданд.
Рўзи дигар Муҳтарам ба Fарм рафт ва баъди як ҳафта аз он ҷо баогашт. Бо мошини ЗИЛ– е, ки бордонаш пур аз картошка буд.
Картошкаро зуд ба халтаҳо андохта, аз мошин фароварданд ва баркашиданд. Худи Муҳтарам дар сари тарозу назорат мекард, ки мардум бори халтаҳояшонро баркашида, пули картошкаро диҳанд.
Бо вуҷуди ин, қалбдастҳо кори худро карданд. Онҳо чашми Муҳтарамро фиреб дода, чанд халта картошкаро дар тарозу барнакашида, як тараф гузоштанд. Ин буд, ки вақти ҳисобу китоби ниҳоӣ ҳуш аз сари Муҳтарам парид. Охир, кам не, расо дусад кило картошка намерасид! Вале ронандаи мошин ва намояндаи хоҷагии ёрирасонро маътал нанамуд Муҳтарам. Яъне аз кисаи худ пули картошкаҳои ба яғмо рафтаро пардохт.
– Бисёр ғам нахўр, – гуфтанд ба ў дўстон. – ҳозир як рўйхат тартиб медиҳему аз ҳар кас дусўмӣ ҷамъ карда, ба ту медиҳем. Об ба лаби ҷўй баробар мешавад.
Муҳтарам оҳи чуқур кашид.
– Ташаккур ба шумо, лекин… Аслан, гап дар пул не.
Чизи дигар аламовар аст. Охир, мо ҳамкорем, узви як коллектив, ба ҳамдигар бародару хоҳарем. Fайр аз ин, ҳама аҳли қалам ҳастем, ба эҷодиёти худ зидди унсурҳои бегонаи ҷамъият– муфтхўрону қалбдастҳо мубориза мебарем. Чунин пастӣ магар ба шаъни мо мезебад?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё