Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Завҷааш мебинад, ки сархуш аст, ба гапҳояш чандон эътибор намедиҳад. Вале сонитар, вақте Н. ба ҷасту хез даромада, вайро чанд мушт мезанад, тоқати зан тоқ шуда, ҳарду дасти шавҳарашро медорад.
Н. бисёр мекўшад аз дасти вай халос хўрад. Азбаски ин кор муяссараш намешавад, алами ноилоҷӣ мекашад ва сари қаҳр аз китфи занаш… мегазад.
Ҳамон шаб чанде аз рафиқони Н. ба меҳмонӣ меоянд.
– Чӣ тавр қади пасти ту ба китфи баланди янга расид?
–Воқиаи рўйдодаро шунида, аз таҳти дил механданд рафиқон. – Ё ба таги поят хишт мондӣ?. .
Рўзи дигар Н. бармаҳал ба идора (Кумитаи радио) омада, акнун сари кор мешинад, ки нохост телефони байнишаҳрӣ занг мезанад. Н. як қад парида гўшакро мебардораду оҳи сабук мекашад. Мазмун, бахайр будааст, Адҳамшоҳ ном як шарикдарсаш аз шаҳри Тирмиз телефон мекард, ки аз вай ҳол пурсад.
Адҳамшоҳ баъди пурсупос донистан мехоҳад: вай аз ҳоли рафиқони дигарашон хабар дорад ё не.
– Дорам, мегўяд Н. –Дирўз Тоҳиру Равшан дар хонаи мо буданд ва то ду шиша арақи маро нахўрданд, ба хонаашон нарафтанд.
– У беинсофҳо– е!.. Онҳо фикр намекунанд, ки ҳоло нархи як шиша арақ… Хайр, илоҳи заҳри танашон шавад ҳамон арақ, – гулў меафшонад Адҳамшоҳ. Баъд аз чӣ бошад, мепурсад, ки аҳволи янга чӣ тур?
– Дуруст, – ба чизе сарфаҳм намеравад Н. – асп барин гаштааст.
– Бо вуҷуди ин, хотиратро ҷамъ накун. Ба беморхона бар, ба духтурҳо нишон деҳ. Ба фикрам, вай чил сўзандору гирад.
– Сўзандору? – бо тааҷҷуби бештар мепурсад Н.
– Ҳа, – оҳи «вазнин» мекашад Адҳамшоҳ. – Аз нофаш…
Сабри Н. – ро сар мераваду овозашро як парда баланд мекунад.
– Ту чиҳо мегўӣ, бешарм! Барои чӣ ман зани тандурустамро ба беморхона мебурдааму ба вай сўзандору мегузарондаам?!.

пешина
аз 231
навбатӣ