Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Суханҳояш парешону нофаҳмо буданд…
13. 06. 1995.

ҲИФЗИ ВАТАН – ҚАРЗИ ФАРЗАНДОН

Боре чанде аз ҳамқаламон Ҳалимшоҳро ба миёна гирифта, мегўянд:
– Гўш кун, дар рўзномаҳои имрўза навиштаанд, давлатҳои ҳамсоя аз сиёсати мо норозӣ будаанд. Болокори ин, кадом як изҳороти беандешонаи вазири хориҷиамон боиси хашми онҳо гардидааст. Худо накарда, оташи ҷанг аланга занад, вой бар ҳоли писарҳои ту.
Онҳо бояд ба ҳимояи Ватан бархезанд, сина сипар кунанд.
Салимшоҳи зирак (Он вақт ў се писар доштааст) зуд аз мақсади духтардорҳо пай бурда, фавран (табиист, ки бо ифтихор!) мегўяд:
– Ҳифзи Ватан– қарзи фарзандист. Албатта, дар чунин маврид пеш аз ҳама писарҳои ман– шоири ватанпарвар ба ҳимояи марзу буми диёрашон мехезанд ва агар лозим ояд, ҷони азизи худ барои Ватан фидо месозанд. Лекин…худо накарда, Ватан ба дасти душман гузарад, вой бар ҳоли духтарҳои шумо…
22. 06. 1995.

НОМАШРО ЧӢ МОНДЕД?

Китоби нави Шодӣ Ҳаниф «Уқоби захмин», ки порсол ба чоп имзо карда будем, бо сабабҳои маълум дар семоҳаи дуюми соли равон аз чоп баромада, ба дасти хонандагон расид. Нависанда аз нашри китоби худ боғоят хурсанд буд, – гаштаву баргашта ба мо– ноширон изҳори сипос менамуд.
– Бовар кунед, – мегуфт ў, – баробари дидани китоб чашмам нур гирифта, равшан шуд.
Ҳайрат Шанбезода айёрона табассум кард.

пешина
аз 231
навбатӣ