Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ГУРГ ДАР ЛИБОСИ ГЎСФАНД
Гурге ба худ андешид, ки ў метавонад бидуни заҳмат ғизо ба даст оварад. Рўи ин манзур пўсти гўсфандеро пўшиду дар рама худро якҷо сохт. Шубон ҳангоми шаб гўсфандонро қулф мекард, ки гург ҳам дар байни гўсфандон буд. Шубон одат дошт, ки шабона меомаду як гўсфандро барои ғизои фардо мекушт. Иттифоқан, дар он шаб гургро бардошт ва гарданашро бурид.
Чоҳканро чоҳ дар пеш!
САНГПУШТ ВА УҚОБ
Гўянд, сангпуште дар соҳили дарёча оҳиста– оҳиста роҳ мерафт. Дар ин вақт мутаваҷҷеҳ шуд, ки парандаҳои баҳрӣ бо чолокӣ ин тарафу он тараф мепаранд. Сангпушт аз мушоҳидаи рафтори худ ва парвози паррандагон мутаассир шуд ва ба онҳо шикояткунон гуфт:
– Ман бисёр бадқисмат ҳастам, ки ҳеҷ кас ба ман дарси парвоз кардан наомўхт.
Уқобе дар он наздикӣ ба парвоз буд, вақте шикояти сангпуштро шунид, наздик омаду гуфт:
– Агар ман туро тарзи парвоз биомўзам, ба ман чӣ подоше хоҳӣ дод?
– Агар ту маро парвоз биомўзӣ, ман тамоми сарвату давлати худро ба ту подош хоҳам дод!
– Дуруст аст, ман қабул дорам ва туро парвоз меомўзам.
Бинобар ин қарор уқоб ўро дар чанголҳои худ гирифт, ба ҳаво бурду баъд ўро аз ҳаво раҳо кард, то парвози ибтидоиро иҷро кунад. Сангпушти бечора сахт бар замин хўрд ва санги ў парча –парча шуд. Бечора, дар ҳоле ки наздик ба марг буд, ба худ гуфт:
– Ман сазои худро дидам. Ман, ки мушкил дар рўи замин роҳ меравам, чаро ҳаваси парвози абрҳоро дар хаёли худ ҷо диҳам?!
Агар тамоми орзуҳои инсон такмил шавад, эй басо ки ба табоҳии ў хоҳад анҷомид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё