Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ОҲАНГАР ВА САГАШ
Оҳангар саге дошт. Ин саг, дар вақте ки оҳангар машғули кор мешуд, истироҳат мекард, аммо вақте ки оҳангар машғули хўрдани ғизо мешуд, саг наздик мерафт ва бо ҳаракат додани думи худ аз соҳибаш тақозои ғизо мекард. Соҳибаш аз ин ҳаракати саг мутаассир шуд ва ба ў гуфт:
– Эй нодон, ман вақте заҳмат мекашам, ту роҳат мекунӣ. Аммо вақте сари дастархон мешинам, ту маро бо тақозои беҷои худ замат медиҳӣ. Оё намедонӣ, ки кор сарчашмаи саодат аст ва фақат ононе ҳақ доранд ғизо бихўранд, ки кор мекунанд.
ДАРАХТИ БУЛУТ ВА ГИЁҲ
Боди шадиде вазид ва як дарахти бузурги булутро аз по дарафканд, ки рўи алафзор чаппа шуд, вале вақте назараш ба гиёҳони кўчак афтод, бо тааҷҷуб аз онҳо пурсид:
Чӣ иллат аст, ки ман бо ин бузургӣ аз шиддати бод бар замин афтодам, аммо шумо бо ин кўчакӣ ва пояҳои заиф истодаед?
Гиёҳҳо ҷавоб доданд:
– Ту алайҳи бод муқовимат нишон медиҳӣ ва муқобилат мекунӣ, барои ҳамин аз по меафтӣ. Аммо моён дар муқобили бод хам мешавем ва ҳамин ки бод кам шуд, дубора сарбаланду барўманд ба по меистем.
ШЕР ВА ДЕҲҚОН
Шере дохили тавилаи деҳқон шуд. Деҳқон ба умеди он,
ки шерро асир кунад, дарвозаро баст. Дар вақте шер роҳи
наҷотро баста дид, ба чорпоёни тавила ҳамла кард,
гўсфандонро дарид ва гови қулбаи деҳқонро аз по даровард. Деҳқон ба соддагии худ пай бурд ва аз тарси он ки мабодо ба ў ҳамла бирасонад, дари тавиларо боз кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё