Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷое, ки нақди айш кафи ҷаҳд мебарад, ҳайф аст, агар зи дасти дуо остин пур аст.

МОР ВА ДЕҲҚОН

Море дар сармои шадиди зимистон ях баста буд, ба ҳадде ки маҷоли ҳаракат надошт. Деҳқон тасодуфан аз наздики ў убур кард. ҳисси раҳму шафқати деҳқон бедор шуд ва ў морро бардошта, рўи синаи худ гузошт, то гарм шудаву аз мурдан наҷот ёбад. Вақте ки мор оҳиста– оҳиста гарм шуду ҷон гирифт, фавран деҳқони бечораро газид. Деҳқон дар лаҳзаи охирини зиндагӣ ба хешону ақрабояш, ки даври ў ҷамъ буданд, гуфт:
– Воқиан, сазои худро ёфтам, зеро набояд ба чунин мавҷуди зараррасон тараҳҳум мекардам.

МАРДИ ЛОФЗАН

Марди лофзану дурўғгўеро ҳикоят кунанд, ки ба арзу тафнин ба баъзе аз мамолик сафар мекард. Вақте аз як мусофираташ ба хона баргашт, дўстон ба дидани ў омаданд. Яке аз дўстон аз ў хоҳиш кард, то аз тиҷорату мусофирати худ чизе бигўяд. Марди лофзан, ки ҳамин саволро орзу мекард, ба ду зону нишаста, гуфт:
– Дар айёми мусофират корҳои бисёр қаҳрамононаро анҷом додам. Яке аз ин корҳои хориқулирода дар як ҷазираи Юнон сурат гирифт. Дар ин ҷазира мардум ҷамъ шуда буданду варзишгарон бо хез задан махорати спуртӣ нишон медоданд. Ман ҳам дар ин варзиш ширкат кардам.
Вале ман ба фосилаи зиёде аз ҳамаи ин мардум пеш шудам, ба ҳадде, ки ҳама мардум ҳайрон монда буданд. Ин шуҷоатро бисёре аз мардуми он ҷазира бо чашми сар медиданд ва шумо метавонед аз эшон бипурсед.
Яке аз ҳозирон сухани ўро қатъ карда, гуфт:
– Дўсти азиз, агар он чӣ гуфтӣ ҳақиқат бошад, ҳоҷат ба шоҳиду гувоҳ нест. Фарз кунед, ки ин ҷо ҳамон ҷазира асту ин ҳам шумо. Бифармоед, шуҷоати худро ба мо ҳам нишон диҳед.

пешина
аз 231
навбатӣ