Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Барои чӣ ин қадар ба қадри зиндаҳо расидан лозим, мегўед?
– Барои он ки ҳар рўз аз назди мурдаҳо (қабристон) мегузарам!. .
– Ин зан аз зиндагӣ сахт дилмонда барин.
– Барои чӣ?
– Вай аз пеши оина гузашт, вале ба он ҳатто назаре наафканд.
– Куҷои ин гап дурўғ?
– Пасаш…
– Соат чанд?
– Аз нашриёта намедонам. Лекин аз вазорат чор буд…
– Ҳамин гап рост?
– Ҳозир намедонам. Саҳар рост буд…
– Нависанда мегўед? О вай ягон ҷумлаи дуруст надорад– у…
– Дуруст, вай нависандае, ки ҷумлаҳои нодуруст менависад…
– Ба хона дароед, чой – пой хўрда меравед– дия.
– Не, меравам. Аз саҳар табъам хира, на чой мефорад, на пой…
– Алам мекунад ба кас. Охир, баъзан шабпарак уқобро дидан меомўзад!. .
– Вая бин– е, шикамаш чун мавҷи баҳр лаппас мезанад!. .
– Як ҳамсояи бадмаст дорем, рўзҳое, ки вай арақ мехўрад, ман маст мешавам…
– Аҷаб рўе: ба чашми шоир бинӣ, табъ равшан мешаваду ба чашми нависанда бинӣ, дил – хиҷил!. .
– Аҷаб замона шуд: дар мабраз ҳам фикри пулро мекунӣ…
– Шаҳр пур аз сабукпою ягон даванда надорем…
– Бо милиса баранд, бори каҷ ҳам ба манзил мерасад…
– Дар мағозаҳои давлатӣ, ғайри оби чашми чанд нафақахўр, чизе нест!. .
– Он духтари хушрўя бин, оби даҳон барин меравад!.
– Мўя паст кардӣ, акнун сара ҳам андак паст кун!
– Ҳисоби ман бо замона пок, вале ҳисоби замона бо ман пок нест…
– Шоҳинҷон (писари адиб) каллаи калонро нишон додан хоҳад, муштчаҳояшро ба ду чаккаи сар мегузорад.
– Ридан айб нест, вале агар паша бошӣ…
– Пирон дар нашриёт чӣ кор мекунанд? Охир, ин ҷо қабристон не– ку!. .
– Э ғалладони мизи ту аз кисаи ман ҳам холитар– ку!.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё