Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чанде хонаашонро фурўхтанд, бархе мошинашонро, баъзе… Аз ростӣ, дар бораи чизҳои фурўхтаи баъзеҳо бо овози баланд гап зада намешавад.


– Иноят ба номардон ҳам мардона салом дода метавонад.


– Аз карнайчӣ як пуфу аз носкаш – як туф…


– Номатон Тилло? Набошад, зеби даҳони сарватмандон будаед!. .


– Дар зиндагӣ аз уҳдаи фақат як кор набаромадам – худкушӣ…


– Вақте ҷасади падарамро ба хок супоридем, дунё якбора дар назарам холӣ шуд; ба дараҷае холӣ шуд, ки ҳеҷ чизро намедидам: На одамон, на талу теппа, на кўҳу дарё… худро дар анбори нимфатароте мепиндоштам, ки ниҳоят васеъ аст, дару тиреза надорад, торику ваҳмгин…
Ва ҷисми ларзонамро панҷаи номаълуми ошуфтагӣ бераҳмона мефишораду мефишораду мефишорад…
Дар он дақиқаҳо дар ғояти азобу дард ба худ печида, шукр мекардам: «Хайрият, дафни модарамро дар ёд надорам…»


– Барои чӣ Н. – ро бад мебинам? Охир, вай тамоми камбудиҳои маро дорад…


– Хомўшӣ ба ҳайкал ва радиои вайрон равост.


– Не, худаш дурўғгў набуд, фақат дурўғи дигаронро рост мегуфт…


пешина
аз 231
навбатӣ