Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саидалӣ Маъмур нўшбод мегуфт. Азбаски сухани ў дароз шуд, Саттор Турсун бесаброна пиёлаи назадшро бардошта, аз ҷой хест: «Хайр, рафиқон, гирифтем. Зинда бошем!. . »
Саидалӣ аз он ки суханашро буриданд, ранҷида, норозиёна ба Саттор Турсун нигарист:
– Зинда будан кам аст!. .


– Барои чӣ дина хона наомадӣ?
– Натавонистам. Сарам вазнин буд.
– Сари вазнин ба наомадан чӣ дахл дорад? Ақаллан поям вазнин буд, гўй!


– Ба тўй рафтед? Хайр, чӣ тур гузашт?
– Нағз. ҳама шоду хурсанд буд. Ҷанҷол нашуд.
– Барои чӣ?
– Намедонам. Шояд ба арақ об андохта буданд, ки чандон таъсир надошт.


– Вақтатон бисёр хуш аст. Ба фикрам, шаб ягон чизи нағз хендед?
– Ҳикояи нави худамро.


– Кадом рўз Иноятуллоҳ бисёр гап зад. Аз ҷоғзаниаш безор шуда, куштам.
– Иноятуллоҳа?
– Не, радиоя…


пешина
аз 231
навбатӣ