Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Пиёларо дуртар мон! Аз гўшак бўяш меояд…
– Мебахшед, ака. ҳозир… – аз хоҳиши хилофичашмдошти ў даступо хўрдам ман ва ҳамин тавр сир ошкор шуд…
Дурўғ нагуфтаам
Боре Саттор Турсун шахсеро ба ман шинос карда, гуфт:
– Ин кас одами бофарҳанг.
Ҳангоми суҳбат маълум шуд: шахси бафарҳанг чандон фарҳанг надорад, – тунд менишаст, бепарда сухан мегуфт, дар бораи адибони хушзавқ беэътиноёна гап мезад, худситоӣ менамуд, дар ҳамёнаш сигаретаи «Марлборо» бошад ҳам, зуд– зуд аз «Родопи»– и Саттор Турсун мекашид…
Баъди рафтани вай ба Саттор гуфтам:
– Намедонистам, ки баъзан шумо ҳам дурўғ мегўед.
Мақсади маро фаҳмида:
– Мо ҳам шири хомхўрда, дадо, – гўён базавқ хандид Саттор. – Лекин гапам дар бораи он шахс дурўғ нест.
Дар воқеъ ҳами вай бафарҳанг аст. Яъне ҳарду ҷилди
«Фарҳанги забони тоҷикӣ»– ро дорад…
Айб нест
Дар як суҳбат шоир Н. гуфт, ки фалонӣ (Вай аз як оҳангсози шинохта ном бурд) инсони хуб аст, истеъдоди беназир дорад ва баъзе сурудҳояшро ҳатто овозхонҳои мамлакатҳои ҳамсоя месароянд. Лекин… бисёр менўшад ва ин айбаш нобахшиданист.
Айбмонии ў ба Саттор Турсун нафорид ва бо ахмирў ғур– ғур кард.
– Нест айбе, гар бувад шамшери ҷавҳардор каҷ…
Ҳазор сўм Боре Саттор Турсунро хушҳол дида, сабаб пурсидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё