Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Барои чӣ? – эътироз кард Саттор Турсун. – Вай баъзан гапи рост мегўяд. Масалан, гапи имрўзааш ҳаргиз дурўғ набуд.
– Гапи имрўзааш, – нобоварона хандид муддаӣ. – Хайр, чӣ гуфт?
– Ба ман гуфт, ки ҳикояи нават олиҷаноб аст…

Тарбуз

Саттор Турсун дар бемористон буд. Тарбузе харида, ба аёдаташ рафтем. Тифоқо, дар остонаи дари палата тарбуз аз дастамон афтиду кафид.
– Хуб шуд! – аз дарун ба гўш расид овази хушҳолонаи Саттор.
Ба палата даромада, мўҷиби хурсандиашро фаҳмидем. Он ҷо ҷои пойгузорӣ набуд. Аз бисёрии тарбуз…
Ҳангоми бозгашт Саттор бори дигар аз мо хоҳиш намуд, ки аз воқиаи рухдода ғамгин нашавем ва ба дасти ҳар кадомамон яктоӣ тарбуз дод.

Мақоми Аҳмадшоҳ

Адибе Абдулвайси Азизро устоди худ шуморид, ба ин далел, ки вай як китоби ўро таҳрир кардааст.
Саттор Турсун гуфт:
– Пас мақоми Аҳмадшоҳ чӣ бошад? Охир, вай ба се китоби ман муҳаррир буд…

Бўяш меояд

Аз куҷое як шиша арақ пайдо шуд. Дари ҳуҷраро аз дарун баста, ба пиёлаҳо рехтем. Вале ҳанўз нанўшида, Саттор Турсун занг зад.
Ў аз раҳи одат гарм– гарм ҳол мепурсид. Ба чӣ хаёле нохост аз пурсиш бозистоду бо «қаҳр» гуфт:

пешина
аз 231
навбатӣ