Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

»
– Бачағар! – хандид Саттор. – Садупанҷоҳта зада сари минбар баромада будааст– дия!. .

Дурусттар нигоҳ кунед

Дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагон шоир А. бо ду– се кас рост меистод. Вай сархуш буд. Шояд ба ин сабаб, маро ба оғўш кашида, рўяшро ба манаҳам (он вақт риш доштам) хеле молиду гуфт:
– Ин риш, ана ин анбон (ба сумкаи дар китфам овезон ишора кард вай). Хўш ки бошад, асо канӣ?
– Дурусттар нигоҳ кунед, асоро ҳам меёбед, – ба ман фурсати ҷавоб надода, гуфт Саттор Турсун.

Латифаи ғалатӣ

Боре Саттор Турсун гуфт: оё мехоҳам латифаи ғалатие шунавам.
– Ҳа, – гуфтам бо таваҷҷуҳ. Зеро медонистам: ў ба жанри латифа чандон рағбат надорад.
Гуфт:
– Иноятуллоҳ шона харид…
Ҳайрати ман бештар шуд.
– Тамом?
– Тамом, – табассум кард Саттор.
– Хайр, куҷои ин латифа ғалатист?
– Нафаҳмидӣ– чӣ?
– Не.
– Ин тавр бошад, ҳозир мефаҳмӣ, – аз ҷой бархост Саттор ва назди Иноятуллоҳ рафта, кулоҳро аз сари…
бемўи вай гирифт.

Баъзан рост мегўяд

Кадоме гуфт: бо Иноят Насриддин шиноси дерина бошад ҳам, ягон бор гапи рости вайро нашунидааст.

пешина
аз 231
навбатӣ