Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Фаромўш кардам
Маро ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Баъд аз чанд рўз ба Саттор Турсун вохўрдам.
Ҳангоми суҳбат ў пурсид, ки имрўзҳо ба мутолиаи кадом китоб машғулам.
– Чизе навишта истодам, – иқрор шудам ман, – ба хондан дастам намерасад.
– Ҳа– а, – огоҳона пешона молид Саттор. – Ман фаромўш кардам, ки ту акнун хонанда не, нависанда…
Дар куҷо?
Мо дар дами даромадгоҳи бино рў ба рў омадем.
– Ҳа, тинҷӣ? – пурсид Саттор, ки ба куҷое шитоб дошт.
– Тинҷӣ, – гуфтам. – Гузорам ба ин тарафҳо афтода буд. Як шуморо бинам гуфтам.
– Дар куҷо? – табассум кард ў.
Ман аз саволи хилофи чашмдошт дасту по хўрдам.
– Чӣ хел… дар куҷо?
Табассуми Саттор фарохтар шуд.
– Яъне дар куҷо дидан мехостӣ. Дар хона бошад, гўй, ақиб гардам. Агар не, зудтар маро ҳамин ҷо бин, ки ба маҷлис дер мешавад…
Садупанҷоҳта
Аз рўзнома очеркеро мехондам, ки дар бораи як раиси қаҳрамон буд. Раис дар анҷуман нутқ мекард. Аз қавли муаллифи очерк, дар ин лаҳзаҳо «рўи ў мисли кулчаи нав аз танўр канда суп– сурх буд».
Саттор Турсун хам шуда, ба рўзнома чашм давонду гуфт:
– Мисли чӣ? Ку ҳамин ҷояшро баланд хон!
– «Рўи ў мисли кулчаи нав аз танўр канда суп– сурх буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё