Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бо вуҷуди ин, вай аз ман калон.
– Барои чӣ?
Ин дам Сатторро ба назди касса хонда, ҳаққи қалам доданд ва кассир аз ў хоҳиш намуд то аз касса дур нарафта, пулҳоро шуморад.
– Ҳа, хуб, – ба пулшуморӣ сар кард Саттор. Вале дере нагузашта, маълум шуд, ки ў аз ўҳдаи ин кор намебарояд. Саттор чанд бор дар ҳисоб ғалат карда, пулро аз нав шуморид.
– Ин ҷо биёр, – қабзаи пулро аз дасти ў гирифт Иноят ва зуд онро ҳисоб карда, ба кассир гуфт: – Дуруст…
Вақте аз касса дур шудем, Саттор Турсун бо табассум ба ман нигарист.
– Акнун фаҳимдӣ, ки барои чӣ Иноят аз ман калон аст?. .

Аз даҳон

Дар як суҳбат адиби ҷавон Н. бисёр гап зада, гўши ҳозиронро ба қомат овард.
– Ҳой бародар, – гуфт ба ў Саттор Турсун. – Ту як лаҳза хап карда метавонӣ?
– Не, – хандид Н. – Дарунам пур асту хап кунам, мекафам.
– Ин тавр бошад, гап зан, – Саттор Турсун низ хандид. – Ман намедонистам, ки ту дарунатро аз даҳон холӣ мекунӣ…

Чӣ ҷои тааҷҷуб?

Ҳоҷӣ Мурод гуфт, ки ёздаҳ сол аст бо Аҳмадшоҳ дар як идора кор мекунам, вале акнун фаҳмидам, ки вай ҳалво намехўрад.
– Чӣ ҷои тааҷҷуб, – хандид Саттор Турсун. – ҳалво магар арақ аст?. .

пешина
аз 231
навбатӣ