Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Гуфт:
– Ҳазор сўм ёфтам!
– Насиб кунад! – фишоридам дасти ўро. – Аз кўча ёфтед?
– Э не, – чашмонаш дурахшида, хандид Саттор. – Аз кисаи худам!. .
Дандонҳои тиллоӣ
Саттор Турсун ҳикояи навқаламеро хонду ба таги чанд калима хат кашид, ки онҳо дар ҷои худ омада, ба ҳусну мазмуни ҷумла ҷилои тоза бахшида буданд.
– Медонӣ ин калимаҳо ба чӣ монанданд? – пурсид ў, таваҷҷуҳи маро дида. – Ба дандонҳои тиллоии даҳони холӣ…
Лаънат ба ҳарду
Дар базме гапи Саттор Турсун ба як ҳамдиёрамон гурехт. Онҳо тувуман кардаанд.
Баъд аз чанд рўз ба Саттор Турсун вохўрдам.
ҳангоми суҳбат воқиаи тувуман ба хотирам расиду гуфтам, ки айб аз меҳмон гузашт, бояд сабукӣ намекард.
Руҷўи ман ба ў нафориду нохушона ахмирў кард.
– Медонӣ– чӣ, лўбиёву каду, лаънат ба ҳарду!. .
Сумкааш калон
Саттор Турсун пурсид:
– Ин зан кассир– а?
– Ҳа. Вале шумо чӣ тавр донистед?
– Аввалан, ба салом ҷавоб намедиҳад. Сониян, сумкааш беҳад калон…
Ном мемонад – Романҳои бад бояд номи хуб дошта бошанд, – гуфт боре Саттор Турсун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё