Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Соат чанд? – пурсид бемор О. дар ошхона.
– Дувоздаҳ! – ҷавоб дод бемор У. , аз истинҷо.


Бемор И. мухлиси футбол буд. Боре ў чунин пешгўӣ кард: дар мусобиқаи имрўза «Помир» дастболо мешавад. Дар дақиқаи охирини бозӣ ҳимоятгари моро дар майдончаи ҷаримавӣ аз пой дармеоваранд. Довар зарбаи ҷаримавӣ таъин мекунад ва ҳуҷумкунанда тўбро аз масофаи ёздаҳ метр ба нишон мерасонад.
Айнан ҳамин тавр шуд: дар дақиқаи навадуми бозӣ муҳофизатгарро афтонданд, довар зарбаи ҷаримавӣ таъин кард ва тўбро ҳуҷумкунанда бехато ба нишон расонд. Фақат ғалаба насиби мо нагардид. Охир, ҳамаи ин воқиаҳо дар назди дарвозаи «Помир» ба вуқўъ омаданд…


Нисфи шаб дари палатаи шашумро кушодам. Бемор У. масти хоб буд, – рўй гирдаву сергўшти вай ифодаи дилкаше дошту табассумаки малеҳе даври лабони ғафс – ғафсаш сайр мекард. Ростӣ, дақиқае чанд аз ин «манзара» чашм канда натавонистам.
Субҳи рўзи дигар миёни ману бемор У. чунин гуфтугў сурат гирифт:
– Имшаб чӣ тавр хоб кардед?
– Бисёр нағз, духтурҷон.
– Хоб дидед?
– Ҳа, хоби аҷибе. Медонед– чӣ, духтурҷон, дар бачагӣ ман як кура доштам. ҳамон имшаб ба хобам даромад.
– Кура?
– Ҳа, кураи фарбеҳаки сап – сафед. Вай ҳар замон пушташро гардонда, дум мебардошт, ман аз ин базавқ омада, механдидам…

пешина
аз 231
навбатӣ