Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Бемор В. гуфт, ки сахт бетолеъ аст ва агар аз таҳти дил оҳ кашад, аз оташи дарунаш ними ҷаҳон хоҳад сўхт.
Ба гапаш бовар накарданд. В. тирезаи палатаро кушода, оҳи бадард кашид. Рўзи дигар тавассути радио хабар доданд, ки… дар ҷануби Африқо гармсели ваҳшатангезе вазида, боиси харобиҳои бемисл гардидааст.
Бемор Х. – ро одате буд. Борон ки борид, ба суроғи чатре медаромад, ки дар овони бачагӣ гум карда будааст…
Бемор О. мегуфт, ки ҳамсояаш чандин сол аст дар шабакаи савдо кор мекунаду то ҳол намефаҳмад, ки ду карат ду чор мешавад. «Панҷ мешавад», – мегўяд ў ва агар ба саҳеҳии ҷавобаш шубҳа намоям, ҳамеша аз нофаҳмии ман таҷанг мешавад, яъне ба ин савияи дониш чӣ тавр ман аз математика дарс медиҳам?!.
Бемор А. барқия гирифт, дар он буду шуд як калима сабт буд: «Лўбиё». А. сурху сафед шуда, муддате манаҳ хорид, баъд ба дасти ҳамшираи тиббӣ миқдоре пул дод, то вай зуд ба шўъбаи алоқа рафта барқияи ҷавобӣ фиристад. Барқияи ў низ аз як калима иборат буд: «Каду».
Аз иншо: «Устод Айнӣ дар Ўзбекистон таваллуд шуда, оҳиста – оҳиста сардафтари адабиёти тоҷик гардид…»
Вақте Мирсаид Миршакар ба «Қишлоқи тиллоӣ» рўй овард, ҳанўз «Ленин дар Помир» набуд.
Аз мақола: « Мо ноилоҷ Айниву Турсунзодаро ба бозор андохтем…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё