Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳама даст шуста, ба ошхона раванд, бемор С. қабл аз таомхўрӣ ҳатман таҳорат мекард.


Гуфтанд, ки чароғи мабраз сўхтааст. «Боке не, – гуфт бемор Б. , – дар партави қарорҳои партия ҳоҷат мебарорем…»


Бемор О. хандид:
– Хоб дидам, ки фалонӣ бемори сахт шудааст.
Бемор А. бо гиряву нола аз ў хоҳиш кард, ки дигар хоб наравад.
– Вай ҷияни мо мешавад, – гуфт. – Мабодо, ки дар хобат бимирад…


Аз бемор П. пурсиданд, ки қомати зан рост бошад беҳтар аст ё хам? П. гуфт: «Хам бошад, беҳтар. Барои он, ки рост бошад, мардҳо манора хаёл карда, ба болояш мебароянд…»


Бемор С. як ғазали Мирзо Абдулқодири Бедилро пай дар пай чанд бор хонду бо қаҳр китобро пўшид.
– Ҳа, чӣ шуд? – пурсиданд аз ў.
Гуфт:
– Маъниаш баланд будааст, ҳарчанд даст дароз кардам, ба он нарасид…


Бемор Г. Аз тиреза ба ҳавлии беморхона нигариста, гуфт:
– Имрўз сари кадом мошиндор ба ҷои пои сардухтур дард хоҳад кард? Вай пиёда ба кор омад…

пешина
аз 231
навбатӣ