Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аз рақси мор мафтун шавед, ба газандае дучор хоҳед омад.
– Агар лўлиро аз дар ронед, савоби сагонро хоҳед гирифт.
– Агар кайкро накушед, ба балои камхунӣ хоҳед печид.
– Агар зани дуҷон ба риши ҷуворимакка хандад, тифлаш кўса хоҳад шуд.
– Агар зан ба мағзи сари гўсфанд сарторик шавад, хандаи тифлаш ба маъос шабоҳат пайдо хоҳад кард.
– Ба шиками вазир даст расондан хуб нест, – замин меҷунбад
– Агар тифл ба зулфи модараш бозӣ кунад, падараш маст ба хона меояд
– Агар зани сабукпо доманашро битакад, шамол набошад ҳам, осмон ғуборолуд хоҳад шуд.

МАРДИ ХАНДАСОЗ РАФТ

Хабари марг ногаҳонӣ аст, аммо хабари фавти Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ – ин ҳаҷвнависи шинохта бештар.
Нафаре гуфт: Бечора ҷавон рафт. Панҷоҳсола мешуд…
Дигаре афзуд: Бо он хушҳолие, ки дошт, гумон мекардед, як сад сол умр мебинад. ҳамеша хандон буду кўшиш мекард, ки дигарон низ хушҳол бошанд.
Саввумӣ изофа кард: ҳеҷ нишон намедод ва мо ҳам эҳсос намекардем, ки хандаҳояш дардноканд…
Ин хулоса хеле ҳақиқат дошт. Касоне, ки ўро хубтар медонистанд, бахусус ҳамкорон аз хушҳолиҳои дардноки Аҳмадшоҳ бештар сухан мегўянд.
Вале мо ўро аз дур медонистем. Солҳои 80– ум дар идораи рўзнома кор мекардему вай муҳаррири яке аз шуъбаҳои нашриёти «Адиб» буд. Бо ин вуҷуд, ки вай аз мо каме бузургсолтар буд, аммо ҳангоми мулоқотҳо чунин марз намегузошт. Балки бо афроди аз худаш калонсол низ дар ҳамин сатҳ муносибат мекард, ки нишонаи наздикӣ ҷустан бо ҳама ва дувумдараҷа донистани ҳар гуна мақому унвонҳо буд.

пешина
аз 231
навбатӣ