Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҳмадшоҳ дар маҳаллаи километри 7– уми шаҳр мезист. Масири ҳаракатамон гоҳе мувофиқ меомад ва бо ҳам мерафтем.
Дар роҳ ҳеҷ гоҳ аҷала намекард. Боре ўро мунтазири троллейбус дида, пешниҳод кардам, ки ба ягон нақлиёти дигар равем, кӣ медонад кай меояд.
Вале ба пешниҳодам посух надода, гапро бо шўхӣ ба дигар сў бурд. Солҳои вазнини ҷанг буд, ман ҳам ҷойи корамро дигар карда будам ва бо ин сабаб гоҳ – гоҳ ҳамдигарро медидем. аз кору бор пурсид, баъд аз худаш гуфт.
– Худоро шукр, аробаамона кашида гаштем, бо дилпурӣ хулоса кард вай. Машғули гуфтугў будем, ки Аҳмадшоҳ нидо кард:
– Ана, «Чайка» ҳам омад.
Баъд афзуд:
– Барои касони мисли мо, маошхўр, торллейбус ҳам «Чайка» аст.
Чун савор шудем, мунтазир будам, ки ҳамин ҳоло даҳони халтаи шикваю норозигӣ аз замона ва сахтиҳои рўзгор боз мешаванд. Зеро тавре гуфтам, миёнаҳои солҳои 90– ум кишвар гирифтори ҷанг буду мисли ҳамаи мардум ба истилоҳ, рўшанфикрон низ, ҳазору як мушкилӣ доштанд. Ва ҳар фарди зиёиро, ки медидед, аз замона менолид.
Вале Аҳмадшоҳ ғайримунтазира аслан дар ин маврид ҳарфе намегуфт, бештар аз ҳамкорони собиқаш, аз афроде, ки ман ҳам мешинохтам, сухан мегуфт.
Чун навбат ба баҳси эҷоду эҷодкорон расид, пурсид:
Кам – кам менависӣ, ё ту ҳам Шўравӣ барҳам хўрд гуфта аз баҳри нвиштан баромадӣ?
Чун дид, ки посухи рўшану дақиқ надодам, ба суханаш идома дод: Баъзе ҳамкасбон, мутаассифона, кам менавиштагӣ шудаанд. Баъд бо таъкид изофа кард:
– Як чиз ним чиз навишта парто, ин ҳама сиёҳӣ мегузарад, саҳифаҳои сиёҳшуда мемонад.

пешина
аз 231
навбатӣ