Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
«– Фирузҷон, дута дуро ба ҳамдигар зарб занем, чанд мешавад?
– Якта чор…»
«– Хуб, акнун навбатро ба Тоҳирҷон медиҳем. Ку, бубинем, вай бо чӣ дастовезе ба барномаи «Навниҳол»
омадааст. Марҳамат, Тоҳирҷон, гап зан.
– Вай гап зада наметавонад, муаллима.
– Чаро ин тавр мегўӣ, Шоҳида? Барои чӣ гап зада наметавонистааст?
– Барои он, ки нав нос кашид…»
ШОГУНҲО
(Дастур барои фолбинҳо)
– Гиряи фил дар хоб далели мусибат аст, – дар Ҳиндустон обхезӣ мешавад.
– Касе хоб бинад, ки аз майдони Шаҳидон мегузарад, хомшўрбо хоҳад хўрд.
– Шаҳидон ба хоб дароянд, ёрии башардўстона хоҳад расид.
– Касе хоб бинад, ки сари душманро мехорад, нохунҳояш мерезанд.
– Халтаи пул дар хоб шогуни нек аст: ё кассир мешавед, ё ба кассир издивоҷ мекунед.
– БТР– ро хоб бинед, писаратон ба облава меафтад.
– Дар хоб аз хонаи дўст гўгирд дуздед, душманон кўпрукро хоҳанд тарконд.
– Ба химча ба пушти кўдаки бегуноҳ занед, дар таки сутун хоҳед монд.
– Силаи мўйсафед паём аз барф аст.
– Ба саратон пули русӣ пошанд, говатонро арзон мефурўшед.
– Аз дидани рангинкамон дилатон гум занад, курта ё поҷомаи нав мепўшед.
– Собун аз дастатон афтад, шавҳаратон аз ҳаммом дер меояд.
– Гўсоларо занед, шири гов мебурад.
– Дар хоб мўи кассирро бофед, ресмонатон гум мешавад.
– Дар хоб сардор банди пойафзолатонро бандад, ба сафари дур ҳозир шавед.
– Товус ба хобатон дарояд, ҷавон бошед, саратонро гум мекунед, пир бошед, асоятонро.
– Муҷомаъат бо фил шогуни бад аст, – бо сардори худ ба ҳиндустон меравед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё