Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МЕБУРДАМ

Муносибати Fарибӣ бо модарарўсаш бад буд. Онҳо қариб ҳар рўз моҷаро мекарданд. Ҳисси нафрати кампир ба дараҷае буд, ки ҳатто дар лаҳзаҳои вопасини умраш низ ба домоди худ рўи хуш надод.
Воқиан, анҷоми зиндагии кампир фоҷиабор будааст.
Вай ҳангоми убури кўча (дар назди институти педагогӣ) зери чархҳои мошин монд.
Аз садама хабар ёфта, Fарибӣ ба беморхона меравад.
Кампир беҳуш будааст. Лаҳзае пас вай ба худ омада, мегўяд: агар беормон мурданашро хоҳанд, ҳамин айнакии мушбиниро (яъне Fарибиро) аз палата ронанд.
Хуллас, Fарибиро аз палата мебароранд. Баъди чанд соат кампир ҷон медиҳад…
Тарҷумони шинохта Н. низ аз домодҳои ҷабрдидаву аламдор будааст. Вақте ў аз рўзгори нохуши худ чанд ҳикояти риққатангез гуфт, авзои Fарибӣ беҷо шуда, чинҳои пешонааш чун торҳои анкабут ба ҳамдигар печиданд.
– Истед, ки модарарўсатон ҳанўз ҳам зиндаанд?
Саволи хилофи чашмдошти Fарибӣ Н. – ро як қад паронд.
– Не, – гуфт ў ҳадаҳа. – Оҳу воҳ ва нидоҳои илтиҷоомези ман ниҳоят порсол …ба гўши парвардигор расиду он кас…– Баъд ба чӣ хаёле пурсид:– Агар зинда мебуданд, чӣ мекардед?
Fарибии аламзада бо қаҳр дандонҳояшро ба ҳамдигар соид.
– Рост ба назди Институти педагогӣ мебурдам!. .

ҲАМАЛАМ

Ҳайрат Шанбезода меҳмонро ба тарҷумон Н. нишон

пешина
аз 231
навбатӣ